Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаҳои ҳавоӣ 25 тундрав кушта шуд


Мақомоти расмии Покистон мегӯянд, ки баъд аз як силсила бамгузориҳои Толибон бар зидди нируҳои амниятӣ дар шимоли ғарби ин кишвар аз ҳавопаймоҳои низомӣ ва чархболҳо ба мавозеи Толибон ҳамла кардаанд. Як мақоми низомии Покистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳамлаҳои шабона дар вилояти Вазиристони Шимолӣ ва дар минтақаи қабиланишини Хайбар ҳудуди 25 тундрав кушта шудаанд.

Бино ба гуфтаи мақомот, тундравҳое, ки дар бамгузориҳои соли гузашта дар Пешовар ва дар бамгузории ахир дар шаҳри Банну даст доштанд, дар миёни кушташудагон ҳастанд.

Ин ҳамлаҳои ҳавоӣ дар ҳоле анҷом гирифт, ки ҳамин ҳафта дар давоми 24 соат дар бамгузориҳои Толибон 33 сарбоз ба ҳалокат расид.
XS
SM
MD
LG