Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров: Пас гирифтани даъватнома "иштибоҳ" аст


Сеогей Лавров
Сеогей Лавров
Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия мегӯяд, фаро хондани даъватномаи СММ ба Эрон дар бораи ширкаташ дар музокироти сулҳи ҷонибҳои Сурия “иштибоҳ” аст, вале “фоҷеа” нест. Лавров зимни суханони худ дар нишасти хабарии рӯзи сешанбе дар Маскав гуфт, ки тасмими Бан Ки Мун-Дабири кулли СММ “эътибори СММ-ро боло намебарад”.

Бан Ки Мун мегӯяд, барои он ба Эрон даъватнома фиристод, ки Эрон шарти баргузории музокироти ҷонибҳои Сурияро дар бораи ширкат накардани Башор Асад дар ҳукумати давраи гузор пазируфта буд.

Вале Бан Ки Мун ин даъватномаро пас гирифт, чун Эрон шоми рӯзи душанбе гуфт, дар музокироте, ки шарту шароит гузошта шудааст, ширкат нахоҳад кард. Даъвати Бан аз Эрон хашми Амрикоро барангехт ва мухолифони давлати Сурия изҳор доштанд, ки дар музокирот ширкат нахоҳанд кард.
Қарор аст ин музокирот дар Шветсария баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG