Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мизони ҷинояткорӣ миёни низомиён коҳиш ёфтааст


Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки мизони ҷинояткорӣ миёни низомиён коҳиш ёфтааст. Абдуҷаббор Сатторов, раиси Додгоҳи низомии Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 21-уми январ дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар соли 2013 теъдоди низомиёни ниҳодҳои қудратии кишвар, ки ба ҷиноятҳои мухталиф даст зада ба маҳкама кашида шудаанд 294 нафарор дар бар мегирад.

Вай афзуд, ин рақам нишон медиҳад, ки ҷинояткорӣ миёни сарбозону низомиёни ниҳодҳои қудратӣ коҳиш ёфтааст, зеро ба қавли ӯ дар соли 2012, теъдоди низомиёне, ки ҷиноят карданд буданд, 304 нафар будаст.
XS
SM
MD
LG