Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Брюссел баъзе таҳримҳо алайҳи Эронро лағв мекунад


Иттиҳодияи Аврупо ба коҳиши баъзе таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Эрон розӣ шуд. Тасмим дар ин бора баъд аз он гирифта шуд, ки Эрон ғанисозии ураниумро қатъ кард ва ба ин васила шарти аслии созиш бо кишварҳои ғарбиро иҷро намуд. Нозирони МАГАТЭ, Ожонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ, ки раванди боздошти кори сентрафугаҳо дар муассисаи ҳастаии Натанзро назорат мекарданд, хабари мақомоти расмии эрониро тайид намуданд.

Ба иттилои хабаргузории Рейтер, Иттиҳодияи Аврупо шоми душанбе баъзе маҳдудиятҳо дар хариду фурӯши маводи кимиёвӣ, сангҳои гаронбаҳо ва бимаи интиқоли тавлидоти нафтиро қисман лағв мекунад.

Моҳи ноябри соли гузашта Эрон ва кишварҳои “шашгона” – панҷ узви доимии Шӯрои амнияти СММ ба изофаи Олмон дар музокироте дар Женева дар робита ба барномаи ҳастаии Эрон ба тавофуқ расиданд. Гуфта мешавад, бар пояи созиш, бояд чаҳор миллиард доллар аз пулҳои масдудшудаи Эрон озод шавад. Ҳамчунин бояд фаъолиятҳо дар пойгоҳҳои ҳастаии Арок, Натанз ва Фарду густариши бештаре наёфта, ғанисозии зери панҷ дарсада идома меёфт.
XS
SM
MD
LG