Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арабистони саудӣ ба ширкати Эрон дар "Женева-2" мухолиф аст


Башор Асад
Башор Асад
Арабистони саудӣ эълом дошт, ки ба ширати Эрон дар конфаронси байнулмилалӣ оид ба ҳалли бӯҳрони Сурия мухолиф аст. Бар пояи хабарҳо, мавқеи Ар-Риёз, ки аз мухолфиини ҳукумати Димишқ пуштибонӣ мекунад, бо мухолифати Теҳрон барои ташкили ҳукумати давраи гузариш дар Сурия марбут аст. ИМА ва Фаронса низ ҳамин гуна мавқеъ доранд.

Эътилофи миллии мухолифини Сурия рӯзи душанбе аз СММ талаб кард, ки то шом даъватномаи ба Эрон фиристодаашро боз хонад, дар акси ҳол дар ин нишаст ширкат нахоҳад кард. Қарор аст, ки конфаронси байнулмилалии мавсум ба “Женева-2” рӯзи 22 январ дар шаҳри Монтреи Швейсария баргузор шавад.

Аз ин пеш рӯзи душанбе раисиҷумҳури Сурия Башор Асад изҳор намуд, ки барои пешбарии номзадияш дар интихоботи президентӣ шароити мусоиде фароҳам шудааст. Интихоботи раёсатҷумҳурии Сурия моҳи июни соли равон доир мешавад.
XS
SM
MD
LG