Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ғанисозии ураниумро қатъ кард


Нозирони МАГАТЭ дар Натанз
Нозирони МАГАТЭ дар Натанз
Эрон ғанисозии ураниумро қатъ кард ва ба ин васила шарти аслии созиш бо кишварҳои ғарбиро иҷро намуд. Дар ин бора рӯзи душанбе расонаҳои эронӣ иттилоъ доданд. Нозирони МАГАТЭ, Ожонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ низ, ки раванди боздошти кори сентрафугаҳо дар муассисаи ҳастаии Натанзро назорат мекарданд, хабари расмии мақомоти эрониро тайид намуданд.

Моҳи ноябри соли гузашта Эрон ва кишварҳои “шашгона” – панҷ узви доимии Шӯрои амнияти СММ ба изофаи Олмон дар музокироте дар Женева дар робита ба барномаи ҳастаии Эрон ба тавофуқ расиданд. Гуфта мешавад, бар пояи созиш, бояд чаҳор миллиард доллар аз пулҳои масдудшудаи Эрон озод шавад. Ҳамчунин бояд фаъолиятҳо дар пойгоҳҳои ҳастаии Арок, Натанз ва Фарду густариши бештаре наёфта, ғанисозии зери панҷ дарсада идома меёфт. Бар пояи ин гузоришҳои ҳаққи ғанисозӣ дар тавофуқнома барои Эрон дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG