Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон ҳарчанд хизматрасонии тиббӣ дар амал пулакӣ аст, аммо ба гуфтаи баъзе мутахассисон, қисми зиёди ин маблағ ба будҷаи давлат ворид намешавад.

Абдухалил Холиқов, соҳибмулки Бемористони «Ибни Сино» дар Душанбе мегӯяд, барои гузариш ба низоми пулакии тиббӣ дар Тоҷикистон барномаеро омода кардааст, ки соҳаро аз бӯҳрон раҳо хоҳад кард.

Абдухалил Холиқов ба Радиои «Озодӣ» гуфт, амалан хизматрасонии тиббӣ дар Тоҷикистон пулакӣ аст, аммо 99% -и маблағ, тақрибан 2 миллиард сомонӣ, дар ин соҳа ғайриқонунӣ мечархад ва аз ҳисоби андоз буҷа тақрибан 500 миллион сомонӣ зарар мебинад. Вай мегӯяд, ба хотири равона кардани ин маболиғ ба буҷа барномаеро омода кардааст, ки тибқи он, дар марҳалаи аввал корхонаҳо бояд коргарони худро суғурта кунанд ва барои ин ҳукумат иҷоза диҳад, ки се дарсади маоши онҳо ба ҳисоби суғуртаи ҳатмии тиббӣ гузаронида шавад:

Абдухалил Холиқов, соҳибмулки Бемористони «Ибни Сино» дар Душанбе.

Абдухалил Холиқов, соҳибмулки Бемористони «Ибни Сино» дар Душанбе.

«Вақте корхонаҳо коргарони худро суғурта карданд, тақрибан 1 миллион нафар дар Тоҷикистон суғурта мешавад. Дар ин ҳолат ширкатҳои суғурта соҳиби маблағи кофӣ мешаванд ва мекӯшанд, ки нафарони дар суғуртаи онҳо буда табобати хуб гиранд. Шифохонаҳо ба таври худкор ба низоми пулакии қонунӣ мегузаранд. Дигар нафароне, ки ҳастанд, метавонанд бо маблағи андак дар ҳаҷми 300 то 500 сомонӣ худро суғурта кунанд ва дар ҳолати беморӣ ба кадом шифохонае, ки нарафтанд, онҳоро бепул қабул мекунанд. Табобат дар асл арзон мешавад, яъне бо пули ночиз ҳама табобат мегиранд. Он қишре, ки имкони пардохти маблағи суғуртаро надорад, аз ҳамон 1 миллиард пуле, ки давлат солона барои тиб ҷудо мекунад, табобат мегиранд», гуфт Холиқов.

Пешниҳоди соҳибкори тоҷик дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта ҳукумати Тоҷикистон аз парлумон хостори ба таъхир афкандани Қонуни суғуртаи тиббӣ то соли 2017 шуд. Сухан дар бораи суғуртаи ҳатмии тиббӣ меравад, ки хароҷоташро, ба қавли Нусратулло Салимов, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, буҷаи кишвар пӯшида наметавонад.

Тоҷикистон кишварест, ки дар қиёс бо кишварҳои собиқ Шӯравӣ камтарин буҷаро барои соҳаи тандурустӣ пешбинӣ мекунад. Тибқи буҷаи соли 2014, ки аз сӯи парлумони Тоҷикистон таъйид шудааст, соли равон хароҷоти соҳаи тиб 6, 9 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил кардааст, ки дар қиёс бо Қирғизистон, Молдова ва Эстония 4 дарсад кам аст. Бино ба иттилои расмӣ, хароҷоти буҷа дар соҳаи тиб дар Тоҷикистон сари нафар 951 доллар аст, дар ҳоле, ки ин рақам дар Қирғизистон – 1 ҳазору 200, Молдова – 3 ҳазору 400 ва Эстония – 23 ҳазор долларро ташкил мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Сайидалӣ Ҳафизов, сарвари Раёсати банақшагирии иқтисоди соҳаи тандурустии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон амалан 2-уми декабри соли 2008 бо қарори № 600 гузариш ба низоми пулакии тиббиро шурӯъ кардааст:

«Ҳоло мо танҳо қисматҳои ёрирасон ташхисҳоро пулакӣ кардаем, ки ин то ҷое фасодро ҳам пешгирӣ мекунад. Қисмати статсионарӣ – табобатиро ҳам марҳила ба марҳила ба ин низом мутобиқ хоҳем кард. Вақт зарур аст ва вазъи иҷтимоии мардумро ҳам бояд ба назар гирем».

Дар сӯҳбати бидуни микрофон бархе аз ҳамсӯҳбатони мо ҳам бар ин ишора карданд, ки барои гузариш ба низоми пулакӣ, қабл аз ҳама ниҳодҳои зидахл манфиатдор нестанд. Ба назари онҳо, 16 ҳазору 248 духтур, ки маоши миёнаашон ҳудуди 900 сомонӣ аст, амалан ҳадди ақал 750 доллар ва 38 ҳазору 635 ҳамшираи шафқат, ки ҳадди миёнаи маошашон 500 сомонӣ аст, беш аз 200 доллар моҳона кор мекунанд. Дар умум ин рақам ҳудуди 1 миллиарду 200 миллион сомониро ташкил мекунад, ки андозбандӣ намешавад.

Шамсиддин Қурбонов.

Шамсиддин Қурбонов.

Шамсиддин Қурбонов, директори Маркази хусусии тибби «Насл» мегӯяд, дар марказаш ба ходимони оддӣ аз 200 то 400 ва духтурони ботаҷриба то 1,5 ҳазор доллар маош муқаррар кардааст, аммо дар муассисаҳои давлатӣ духтурону ҳамшираҳои шафқат ҳамеша дар рӯбарӯи хатар қарор доранд. Вай афзуд:

«Духтурро ҷамъият ва сохтор дастнигару қаллоб кардааст. Вагарна духтур ҳамон духтурест, ки 20 сол қабл буд. Духтуру профессору олимони беҳтарин дорем. Мо бояд сари сохторӣ кардани соҳа нуқтаи назари худро ҷиддан дигар кунем. На духтур дар ҳолати ногувор бошад ва на бемор. Ин тур набошад, ки «салом, духтури бепул табобаткунанда, ва салом, бемори табобатнашаванда».

Гузариш ба низоми пулакии хизматрасонии тиббӣ солҳост, ки мавзӯи баҳси доираҳои муайян ва ҳатто сатҳи ҳукумат аст, аммо ҳамеша вазъи иҷтимоии мардум мисол оварда мешавад ва мегӯянд, гузариш ба ин низом ҳанӯз барвақт аст. Дар баробари ин соҳаи тиб низ ҳамеша пурмушкил боқӣ мемонад.

Парлумони Тоҷикистон бори дуввум аст, ки намегузорад Қонуни суғуртаи тиббӣ вориди амал шавад. Бори аввал соли 2008 парлумон иҷрои ин қонунро ба соли 2014 пас андохта буд.

Аммо Абдухалил Холиқов мегӯяд, агар соҳаи тиб дар ҳолати имрӯза боқӣ монад, Тоҷикистон соли 2017 низ ба гумон аст, ки ба иҷрои қонуни мазкур шурӯъ кунад. Вай афзуд, гузариш ба низоми пулии хизматрасонии тиббӣ бояд ба таври оҷил роҳандозӣ шавад, дар ҳоле ки амалан пулакӣ аст ва онро бояд ба низом даровард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG