Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА дар нооромиҳои Киев ҳукуматро айбдор намуд


ИМА дар ташаннуҷи авзоъ дар Украина мақомоти ин кишварро айбдор кард ва талаб намуд, ки нерӯҳои зудамали милиса аз маркази Киев берун карда ва гуфтугӯ бо мухолифин оғоз шавад.Намояндаи Кохи Сафед дар масоили амниятӣ Кейтлин Ҳайден изҳор намуд, амалҳои мақомоти Украина, ки эътирозҳои осоиштаи шаҳрвандонро ҷиноят хонда, мухолифини сиёсии худро аз чораҳои калидии дифоъ маҳрум сохтанд, пояҳои демократияро дар ин кишвар заъиф карда боиси нооромии авзоъ гардид.

Вошингтон аз Киев даъват кардаст, ки қонунҳои ғайридемократии ахиран қабулшударо лағв кунад, ба хушунат хотима гузорад ва сари мизи музокирот бо мухолифин нишинад. Дар акси ҳол, ба гуфтаи хонум Ҳайден, ИМА аз чораҳои иловагӣ, аз ҷумла, таҳримҳо алайҳи ҳукумати Украина, кор мегирад.

Рӯзи якшанбе дар маркази Киев миёни эътирозгарон ва кормандони милиса бархӯрд ба вуқӯъ пайваст. Баъд аз ҳаштумин “вечеи мардумӣ” тақрибан ҳазор нафар талоши вуруд ба бинои парлумони Украинаро карданд. Ҷавонони ифротгаро сӯи милиса сангу шишаҳо бо маводи сӯхт андохтанд, дар посух кормандони ҳифзи тартибот аз гази ашковар, норинҷакҳои баландсадо ва мошинҳои обпош истифода бурданд. Тақрибан сад нафар осеб диданд. Чанд автобуси милиса ба оташ кашида шуд.

Дар робита ба ҳаводиси рӯзи якшанбе парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Вазорати умури дохилӣ дар бораи боздошти дасти кам даҳ нафар хабар дод.

Раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович изҳор намуд, ки барои музокирот бо мухолифин омода аст. Ӯ ваъда дод, ки рӯзи душанбе ба хотири ҳалли бӯҳрон дар кишвар комиссиюни иборат аз намояндагони ҳукумат ва мухолифинро таъсис хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG