Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи олӣ мурофиаи Махановро ба таъхир гузошт


Мурофиаи нахустини Алимурод Маханов, машҳур бо лақаби «устод», ки ба қавли мақомот мехост дар Душанбе чанд таркиш анҷом диҳад, дар СИЗО-и Кумитаи амнияти миллӣ субҳи рӯзи душанбе оғоз шуд ва баъд аз ҷаласаи кӯтоҳ онро ба таъхир гузошт. Умед Бобоҷонов, вакили мудофеи Алимурод Маханов рӯзи 20-уми январ ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки соати 10:00 имрӯз мурофиаи зерҳимояи ӯ ҳамроҳи 5 нафар шариконаш дар СИЗО ба таври пӯшида оғоз шуд. Додгоҳи олӣ бар асоси тафтишоти пешакии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон парвандаи Алимурод Махановро бо айбдорӣ ба 5 моддаи Кодекси ҷиноӣ, муҳокима хоҳад кард. Алимурод Маханов тибқи «моддаи 179 бо «терроризм», бо моддаи 179 қисми 2-- «ҷалб кардани афрод ба гурӯҳи ҷиноӣ», моддаи 187 қисми 1» -- ташкили иттиҳоди ҷиноӣ», қисми 2-и ҳамин модда -- «бо маслиҳати пешакӣ ҷалби ашхос ба гурӯҳи муташакили ҷиноӣ ва бо моддаи 307 -- «созмон додани гуруҳи экстремистӣ ва ширкат дар созмони террористӣ (ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон) айбдор дониста мешавад. Додгоҳи Исмоили Сомонӣ, ки дар охирҳои моҳи ноябр нахустин мурофиаи гурӯҳи Махановро оғоз карда буд, ба далели нокофӣ будани тафтишоти пешакӣ мурофиаро мавқуф гузошта буд. Мақомоти амниятии Тоҷикистон шоми 24-уми сентябри соли равон бо пахши як филми мустанади тақрибан 15-дақиқагӣ тавассути шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон аз боздошти гурӯҳи Маханов, ки ба гуфтаи ин мақомот, ба анҷоми “ҳамлаҳои террористӣ” дар Душанбе дар пешорӯи интихобот омодагӣ мегирифт, хабар дод.
XS
SM
MD
LG