Пайвандҳои дастрасӣ

ТВ форсизабон. Эрону Афғонистон ба тавофуқ нарасиданд


Нишасти хабарии Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон.

Нишасти хабарии Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон.

Мақомоти Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон то ҳол фаъол нашудани шабакаи муштараки се кишвари форсизабони минтақаро ба тавофуқ нарасидани Эрону Афғонистон марбут донистанд.

Сайдалӣ Сиддиқ, муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон рӯзи душанбеи 20-уми январ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, аз ҷониби Тоҷикистон маҷмӯи санадҳо таҳия шудааст ва Тоҷикистон вазоифи худро дар заминаи таъсис шабакаи муштараки се кишвари форсизабон иҷро кардааст.

Аммо ҷаноби Сиддиқ бо он, ки аз ироаи ҷузъиёт дар ин масъала худдорӣ кард, вале гуфт, ки мушкил сари Эрону Афғонистон аст, ки мутаассифона ин ду кишвар то ҳол сари муҳтавои ин шабака ба мувофиқа нарасидаанд.

Муовини раиси кумитаи радио ва телдевизиони Тоҷикистон гуфт, ҳар гоҳе, ки ду кишвар - Эрону Афғонистон ба тавофуқ расанд, ин шабака фаъол хоҳад шуд.

Созиш бар сари барномаи таъсиси телевизиони муштараки форсӣ ҳанӯз дар соли 2006 дар мулоқоти раҳбарони се кишвари форсизабон – Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон ҳосил шуда буд. Қарор шуд, ки маркази фаъолияти ин телевизион дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон таъсис шавад. Эрону Афғонистон бояд таҷҳизоти фанниро омода мекарданд ва Тоҷикистон бинову дигар расмиётро фароҳам месохт.

Бар пояи ҳамин қарордод, Эрон ба маблағи беш аз 1 миллион евро таҷҳизоти телевизионро ба Душанбе овард ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон барои ин таҷҳизот 400 ҳазор евро молиёт талаб кард. Тақозои гумрук бархеро ба ин андеша овард, ки Тоҷикистон ба ташкили ин телевизиони муштарак майл надорад.

С.Сиддиқ: "Дар нисбати масъалаи марзӣ хулосаи расмӣ пахш хоҳад шуд"

Сайдалӣ Сиддиқ дар робита ба пахш нашудани ахбору матолиб дар бораи муноқишаи марзии ахир миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон гуфт, ки "мавқеи мо нисбати мавқеи кишвари ҳамсоя беҳтар аст ва вақт инро нишон хоҳад дод."

Ҷаноби Сиддиқ афзуд, ки дар "ҷанги иттилотӣ" Тоҷикистон набохтааст, фақат мо мехоҳем воқеият нишон дода шавад ва танҳо хулосаи расмӣ дар робита ба тавофуқи ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ин қазияро пӯшиш хоҳем дод."

Муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон дар бораи пахши барномаҳо дар бораи мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов, вазири пешини саноат ва соҳибкори муваффақ тариқи шабакаҳои телевизионӣ гуфт, ки "ин амал фармоишӣ набуд". Ба гуфтаи Сайидалӣ Сиддиқ, ин барномаҳо аз сӯи дафтарҳои матбуотии мақомоти марбута таҳия шудааст ва кормандони шабака дар таҳияи онҳо даст надоранд. Ҳамчунин ҷаноби Сиддиқ иддаоҳо дар бораи таҳияи барномаҳои "антинаҳзатӣ" дар шабакаҳои давлатиро рад кард.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG