Пайвандҳои дастрасӣ

Зилзилаи 4 балла дар водии Рашт


Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон аз вуқуъи заминларза дар қисмати шарқии ин кишвар хабар дод.

Зуҳро Нилобекова, як масъули Маркази зилзиласанҷии Академияи улуми Тоҷикистон рӯзи душанбеи 20-уми январ гуфтанд, ки "заминларза шоми якшанбе, соати 20-у 48 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар 135 км-и шимолу шарқи Душанбе, пойтахти Тоҷикистон рух дод."

Ба гуфтаи хонум Нилобекова, маркази зилзила дар 5 км-и ҷанубу ғарби Ғарм воқеъ гардида ва қувваи он 4 баллро ташкил додааст.

Ҳамин тавр ба гуфтаи масъулони Маркази зилзиласанҷии Академияи улуми Тоҷикистон қувваи зилизила дар Ғарм, 3-4 баллро ташкил додаст. То кунун дар бораи талафот ва хисорот дар пайи ин заминларза гузориш нашудааст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки чор рӯзи пеш дар 20 км дуртар аз марзи Афғонистон дар ҷануби Тоҷикистон низ заминларза сабт шуда буд. Тибқи иттиллои масъулони Маркази зилзизасанҷии Академияи улуми Тоҷикистон қувваи заминларза дар ноҳияи Панҷ, ки ба маркази он наздик будааст, 4 балл ва дар шаҳри Душанбе 2 баллро ташкил додааст.

Аммо охирон заминларзае, ки дар охирҳои соли гузашта дар қаламрави Тоҷикистон хисорот ба дунбол дошт, дар ноҳияҳои Рудакӣ ва Ваҳдат, дар канори шаҳри Душанбе рух дод ва қувваи заминларза ҳудуди 5 дар садро ташкил медод.

Дар пайи ин заминларза, ки баъдан чанд маротибаи дигар низ мавориди ларзиши замин сабт гардид, 104 манзили истиқоматӣ комилан ва 256 хонаи дигар қисман тахриб гардиданд.
XS
SM
MD
LG