Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Киев даҳҳо ҳазор эътироз мекунанд


19 январ, тазоҳуроти Киев

19 январ, тазоҳуроти Киев

Даҳҳо ҳазор нафар рӯзи якшанбе дар маркази шаҳри Киев бар зидди қонуни нави зиддитазоҳуроти Украина ба эътироз баромаданд. Ин қонунро Виктор Янукович-раиси ҷумҳур имзо кард ва он баргузории ҳар гуна тазоҳуроти эътирозии зиддидавлатиро маҳдуд мекунад.

Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико ин қонунро зидди муқаррароти демократӣ арзёбӣ карданд. Мухолифони Украина мегӯянд, ки Янукович талош дорад дар кишвар “низоми диктаторӣ” ҷорӣ кунад.

Қонуни нави Украина ҳар гуна ҳамоиши иҷоза дода нашударо мамнуъ медонад ва барои ширкат дар чунин эътирозҳо барои ширкаткунандагон то 15 рӯзи ҳабсро пешбинӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG