Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози 3 ҷавон дар Киев бо либосҳои таҳпӯш


Дар ҷараёни тазоҳуроти ғайриқонунӣ дар назди бинои сафорати Амрико дар шаҳри Киев пулис се ҷавонро боздошт кардааст. Яке аз онҳо духтар ва ду писар будаанд. Хабаргузоориҳо навиштаанд, ки ин се ҷавон бо либосҳои таҳпӯш дар даст шиор доштаанд ва аз Амрико тақозо кардаанд, ки ҳарчӣ зудтар бар зидди ҳукумати Украина таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ кунад.

Пулиси Украина мегӯяд, ин ҷавонон барои баргузории чунин эътироз иҷоза надоштаанд. Рӯзи ҷумъа Виктор Янукович-раиси ҷумҳури Украина дар қонуне имзо гузошт, ки баргузории ҳар гуна тазоҳуроти эътирозиро мамнуъ мекунад. Имзои чунин қонун норизоятии кишварҳои ғарбиро барангехт.

Як рӯз баъд аз имзои ин қонун Дмитрий Булатов-яке аз созмондиҳандагони Автомайдон гуфт, ки онҳо на танҳо тазоҳуротро қатъ мекунанд, балки барои тавсеаи он фаъолияташонро давом хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG