Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти сенаторони Амрико бо Гурҷистон


Як ҳайати Конгресси Амрико дар Гурҷистон қарор дорад ва бо мақомоти раҳбарии ин кишвар дар бораи масъалаҳои амният ва ҳамгароии ин кишвар бо паймони НАТО музокира анҷом медиҳад.

Музокироти сенаторони амрикоӣ бо Гурҷистон дар ҳоле сурат мегирад, ки Амрико ба Гурҷистон кӯмаки молӣ ихтисос додааст. Раҳбарии ҳайати амрикоиро Ҷеймс Инҳоф-сенатори аёлати Оклаҳома бар уҳда дорад.

Дар остонаи сафари ин ҳайат Конгресс тасмим гирифт, ки ба Гурҷистон тақрибан 60 миллион доллар дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои молӣ ба кишварҳои узви “Ҳамкориҳои Шарқ” ихтисос дод.

Дар ҷараёни ин боздид ҳайати Амрико бо раиси ҷумҳур, нахуствазир ва Дабири Шӯрои Амнияти Гурҷистон мулоқот мекунад.
XS
SM
MD
LG