Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Газ дар Қирғизистон арзон мешавад?


Баъд аз додани “Қирғизгаз” ба ихтиёри “Газпром”-и Русия нархи фурӯши газ ба аҳолии Қирғизистон ду-се баробар арзон хоҳад шуд. Дар ин бора Леонид Слуцкий -раиси кумитаи Думаи Давлатии Русия дар умури СНГ ва ҳамгароӣ бо кишварҳои АвруОсиё хабар дод. Вай ба матбуот гуфтааст, ки ҳоло ҳар ҳазор метри муккааб гази Узбакистон ба Қирғизистон 300 доллар фурӯхта мешавад, вале баъд аз гузаштани “Қирғизгаз” ба ихтиёри “Газпром” нархи он 80 то 140 доллар хоҳад буд.

Леонид Слуцкий гуфтааст, ин газро “Газпром” дар Узбакистон-кишвари ҳамсоя истихроҷ мекунад ва моли худи “Газпром” ба шумор меравад. Дар ивази додани “Қирғизгаз” ба “Газпром” ҷониби Русия барои таҷдиди шабакаҳои гази Қирғизистон дар давоми 5 соли оянда 20 миллиард рубл сармоягузорӣ хоҳад кард.

Ҷонибҳо барои 25 сол бо ҳам дар ин бора қарордод имзо кардаанд ва “Газпром” уҳдадор шудааст, ки дар ин муддат бидуни танаффус ба Қирғизистон газ медиҳад.
Қирғизистон уҳдадор шудааст, ки дар ин муддат ба воридоти гази табиии “Газпром” аз Узбакистон ва сармоягузориҳои “Газпром” ва ҳамчунин муассисаҳои он дар Қирғизистон монеа эҷод нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG