Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мухолифон дар музокирот ширкат мекунанд


Аҳмад Ҷарба-раҳбари мухолифони Сурия

Аҳмад Ҷарба-раҳбари мухолифони Сурия

Гурӯҳи мухолифони Сурия дар хориҷ, ки бо номи Эътилофи Миллӣ шинохта шудааст, дар музокироти сулҳи ҳафтаи оянда бо ҳайати ҳукумати Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия ширкат мекунад. Дафтари матбуотии ин эътилоф хабар додаааст, ки аз 73 нафар намояндагони эътлоф 58 нафар ба ҷонибдорӣ аз ширкат дар музокироти сулҳ рай додаанд.

Ҳукумати Сурия мегӯяд, ки дар музокироти сулҳ дар Шветсария ширкат меҷӯяд. Рӯзи ҷумъа Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико бори дигар аз мухолифони Сурия хост, ки дар дар нахустин мулоқоти мустақими сулҳ ширкат кунанд. Дар давоми се соли муноқиша, ки бештар аз 100 ҳазор нафар дар он кушта шудаанд, ин нахустин музокироти ҷонибҳо мебошад.

Валид Муаллим-вазири корҳои хориҷаи Сурия гуфт, ки вай рӯзи ҷумъа дар ҷараёни боздидаш аз Маскав нақшаи оташбас дар шаҳри Ҳалабро ба мақомоти расмии Русия супурдааст. Бештар аз як сол нируҳои ҳукуматӣ бо нируҳои мухолифон дар ин шаҳр байни якдигар меҷанганд.
XS
SM
MD
LG