Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як дипломати эронӣ дар Яман кушта шуд


Дар шаҳри Санъо-пойтахти Яман мардони мусаллаҳи номаълум як дипломати эрониро ба қатл расондаанд. Ин дипломатро, ки Алӣ Асғар Асадӣ муаррифӣ кардаанд, дар наздикии иқоматгоҳи сафорати Эрон субҳи рӯзи шанбе аз мошини дар ҳоли ҳаракат тир задаанд.

Вай баъдтар дар шифохона ҷон додааст. Кормндони шифохона мегӯянд, ки дипломат дар шона ва шикам тир хӯрдааст.

Моҳи июл Нур Аҳмад Некбахт-дипломати дигари эронӣ рабуда шуда буд ва то ҳол дар асорат ба сар мебарад. Тахмин мезананд, ки вай дар дасти тундравҳои Ал Қоида нигаҳдорӣ мешавад.

Мухолифатҳо миёни шиаҳо ва сунниҳои Яман идома дорад ва сунниҳо мегӯянд, ки Эрон ба шиаҳо кӯмак мекунад.
XS
SM
MD
LG