Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Хатлон аз даҳ як нафар ба кӯдакистон меравад


Дар вилояти Хатлон ҳамасола танҳо аз даҳ як ҳиссаи кӯдакони ба синфи якум дохилшаванда аз таҳсилоти томактабӣ дар муассисаҳои тарбиявӣ бархӯрдор мегарданд. Ин мушкил мояи нигаронии омӯзгорон ва волидон шудааст.

Ба иттилои мақомоти Хатлон, ҳоло тақрибан 240 ҳазор кӯдак аз таҳсил дар муассисаҳои томактабӣ маҳрум буда, танҳо беш аз 10 ҳазор тифл дар кӯдакистонҳо ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Албатта ин нишондиҳанда наметавонад моро хотирҷамъу қонеъ созад. Дар ҳоле ки шумораи ниҳоят ками кӯдакон ба таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шудаанд, сифати таҳсил ва нигаҳдории атфол дар кӯдакистонҳо низ на ҳама волидонро қонеъ мекунад.

Саодат Амиршоева, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, дар сӯҳбате иброз дошт, ки аз сокинони шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Сарбанд дар робита ба вазъи начандон хуби кӯдакистонҳо чандин шикоят дарёфтааст. «Аксари кӯдакистонҳо аз соли 1990 ин тараф таъмири асосӣ ё капиталиро надидаанд. Аҳволи муассисаҳои томактабӣ ташвишовар аст. Бовар мекунед, ҳатто ҷойи хоб ва курсиҳо барои кӯдакон намерасанд, як қисмашон рӯйи фаршҳо менишинанд ё дар кӯрпачаҳои кӯдакистон», - зикр кард С. Амиршоева.

Баъзе кӯдакистонҳои шаҳри Қӯрғонтеппа ва навоҳии атрофи он ҳанӯз дар замони ҳукумати Шӯравӣ бунёд гардида, ба гуфтаи волидон, шароити дурусти таълим надоштаанд. Бозичаҳо, қаламу коғаз, ҳатто мизу курсӣ ва рахти хоб дар кӯдакистонҳо камчин будааст. Ҳарчанд баъзе волидон аз шароити нигаҳдории фарзандашон дар кӯдакистон ризо нестанд, бинобар ин, ки дар муассисаҳои давлатӣ кор мекунанд ё ҷойи дигар, ночор аз хизмати кӯдакистон истифода мебаранд.

Вале масъулони кӯдакистонҳо бар ин назаранд, ки агар волидон мехоҳанд фарзандонашон ба таълиму тарбияи босифат фаро гирифта шаванд, бояд дар баробари давлат онҳо низ шароити хуберо барои фарзандашон дар кӯдакистон фароҳам оваранд. ««Хонаву палос – одаму либос» гуфтаанд. Дар замонаи мо аз рӯйи ҳамин мақол амал мекунанд. Бисёр волидон норозианд аз пардохти маблағи иловагӣ ва дастгирии кӯдакистонҳо. Мо бояд ба онҳо фаҳмонем, ки харҷашон барои фарзандони худашон аст. Магар падару модар намехоҳанд, ки тифлашон рӯйи қолини хушсифат бишинад? Намехоҳанд, ки дастурхони зебо дошта бошанд, хонаи тифлашон гарм ва хуб таъмир шуда бошад? Пас, чаро ба беҳтар кардани шароити тарбияи кӯдакашон дар боғча мусоидат намекунанд? Охир кӯдакашон аз субҳ то шом дар ҳамин кӯдакистон нигоҳдорӣ мешавад. Шароити хуби таълиму тарбия ба психологияи кӯдак таъсири мусбат мерасонад», - афзуд мудири як кӯдакистон.

Ин ҳам дар ҳолест, ки феълан қисмате аз кӯдакистонҳои қаламрави вилоят ба таъмиру навсозӣ эҳтиёҷ доранд ва бисёре аз муассисаҳои томактабие, ки дар ҷамоату рустоҳо вуҷуд доштанд, феълан ба сабабҳои мухталиф аз фаъолият бозмондаанд. Мутахассисони раёсати маорифи вилояти Хатлон роҳи ҳалли мушкили аз таълиму тарбия дар кӯдакистонҳо дур мондани аксари кӯдакони то 7-соларо дар таъсиси муассисаҳои томактабии хусусӣ низ мебинанд. Ба иддаои онҳо, бояд дар марҳилаи аввал имкон дода шавад, ки хоҳишмандон ҳатто дар хонаҳояшон кӯдакистон ташкил кунанд, лекин он бояд алоқадри ҳол дорои шароити лозима бошад.
XS
SM
MD
LG