Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Агар Мӯсавӣ ва Каррубӣ муҳокима мешуданд, дубора кашмакаш мешуд"


Як мақоми баландпояи эронӣ гуфтааст, ки ҳукумати ин кишвар барои ҷилавгирӣ аз вуқӯи кашмакаш, даргирӣ ва раҳпаймоии бештар, аз муҳокимаи раҳбарони "Ҷунбиши сабз" сарфи назар кардааст.

Мустафо Пурмуҳаммадӣ, вазири додгустарии Эрон рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории донишҷӯёни Эрон афзудааст, ки дар ҳоли ҳозир низоми ин кишвар ташхис додааст, то ин афрод дар ҳабси хонагӣ бошанд. Бо вуҷуди ин изҳорот, вазири додгустарии Эрон дар ин мусоҳиба гуфтааст, ки "мо аз ҳеҷ чиз наметарсем", аммо дар айни ҳол ишора кардааст, ки "бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки дар ҷое зиндагӣ мекунем, ки тамоми қутбҳои қудрат корҳои моро нишона гирифтаанд."

Мирҳусайни Мӯсавӣ ва Маҳди Каррубӣ, ду номзади норозӣ ба натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2009 ҳастанд, ки аз зимистони соли 2010 дар манзили худ ё бинои вижаи вазорати иттиллооти он кишвар ҳабс шудаанд. Заҳро Раҳнавард, ҳамсари оқои Мусавӣ низ ҳамроҳи ӯ маҳбус аст.

Мақомҳои қазоӣ ва сиёсии Эрон гуфтаанд, ки ҳабси ин афрод бидуни баргузорӣ ва ҳукми додгоҳ будааст. Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, Саид Маҳмуд Алавӣ, вазири иттилоот ва шумори дигаре аз мақомҳои баландпояи ин кишвар, ки соли гузашта ин масъулиятҳоро дар ихтиёр гирифтанд, борҳо гуфтаанд, ки озодии раҳбарони муътаризон ва зиндониёни сиёсӣ дар дастури кори онҳо мебошад.

Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон ва шуморе аз масъулони наздик ба ӯ дар Ҷумҳурии исломӣ бо номгузории эътирозҳо ба натиҷаи интихоботи соли 2009 ба унвони "фитна", раҳбарони ин эътирозҳоро низ "сарони фитна" хитоб мекунанд.

Алӣ Муттаҳарӣ, намояндаи Теҳрон дар парлумони Эрон дар моҳҳои ахир борҳо хостори муҳокимаи ҳамзамони Мирҳусайни Мусавӣ, Маҳдии Каррубӣ ва Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури пешин шуда ва аз раиси қувваи қазоия интиқод кардааст, ки чаро пас аз чаҳор сол сухан гуфтан дар бораи фитна, ба он поён надодааст. Оқои Муттаҳирӣ ҳамчунин дар вокуниш ба суханони Аҳмади Ҷаннатӣ, дабири Шӯрои нигаҳбон, ки гуфта буд, "низом ба сарони фитна миннат гузошта, ки зинда ҳастанд", ӯро ба "тарс аз муҳокимаи ошкоро"-и мӯътаризон муттаҳам кардааст.

Қаблан, сухангӯи қувваи қазоияи Эрон ва додситони кулли кишвар низ бо такзиби баргузории додгоҳ барои раҳбарони муътаризон гуфта буд: "Агар мавзӯъ расидагӣ ба иттиҳомоти оқоён Мусавӣ ва Каррубӣ матраҳ аст, аз ҳамон аввал навъе расидагӣ сурат гирифтааст. Аммо агар мақсуди шумо ташкили парванда ва барномарезӣ барои додгоҳ аст, бояд бигӯям на, чунин чизе нест."
XS
SM
MD
LG