Пайвандҳои дастрасӣ

4 қафқозӣ ва як тоҷикро барои тамаъҷӯӣ боздошт карданд


Бино ба хабари матбуоти Русия, додгоҳи Тагански Маскав 4 нафарро барои тамъҷӯӣ боздошт кардааст. Онҳо аз як идораи ноториалӣ 2 миллион доллар талаб намудаанд.

Бино ба ин хабар, 17 январ 6 нафар ба яке аз шӯъбаҳои ноториалии Маскав ворид шудаанд ва бо асбобе, ки ба таппонча монанд аст, таҳдид кардаанд ва хостаанд 2 миллион долларро бо худ бибаранд.

Вале кормандони пулис ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд ва дар маҳали ҳодиса 5 нафарро дар мошини "Тойота" дастгир кардаанд.

Сипас маълум шудааст, ки 5 нафари онҳо шаҳрвандони Қафқоз ва як нафар шаҳрванди Тоҷикистон будааст.

Мақомоти интизомии Русия мегӯянд, ки ин афрод посбонони соҳибкори машҳур Умар Ҷабраилов будаанд. Умар Ҷабраилов дар гузашта сенатор буд ва баъд аз ин ҳодиса дар хонаи вай дар Маскав бозҷӯӣ анҷом гирифтааст.
XS
SM
MD
LG