Пайвандҳои дастрасӣ

Нӯъмонҷон Юсуфов сармураббии «Хуҷанд» таъин шуд


Нӯъмонҷон Юсуфов.

Нӯъмонҷон Юсуфов.

Нӯъмонҷон Юсуфов, собиқ мураббии калони дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, сармураббии тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд таъин шуд.

Вай дар ин вазифа Мубин Эргашевро, ки чанд рӯз пеш сармураббии дастаи «Истиқлол» таъин шуда буд, иваз кард. Нӯъмонҷон Юсуфов рӯзи 18-уми январ ба радиои Озодӣ гуфт, ки вай рӯзҳои наздиктарин ба шаҳри Хуҷанд барои мувофиқа кардани шароити қарордодаш меравад.

Нӯъмонҷон Юсуфов 24-уми апрели соли 1973 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Дар дастаҳои «Ситора» (Душанбе) ва «БДА» (Душанбе) бозӣ кардааст. Дар ҳайати «Ситора ду бор (солҳои 1993 ва 1994) каҳрамони кишвар ва соли 1993 барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардидааст.

Баъдан ба кори мураббигӣ пардохтааст. Аз соли 1999 то 2005 дастаҳои бачагонаи мактабҳои футболи «Алмосӣ» ва ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-ро машқ додааст. Солҳои 2006-2007 сармураббии «Ҳосилот» (Данғара), солҳои 2007-2008 сармураббии ҳайати дувуми ССКА «Помир» (Душанбе), соли 2009 сармураббии ССКА «Помир», солҳои 2010-2011 сармураббии «Сабо» (Шаҳринав), солҳои 2012-2013 сармураббии ҳайати ҷавонони «Истиқлол», баъди анҷоми давраи аввали чемпионати соли 2013 мураббии калони «Истиқлол» буд.

Нӯъмонҷон Юсуфов соли 2013-ум ба ҳайси мураббии калон дар ҳайати «Истиқлол» бо медали нуқраи чемпионати кишвар ва медали тиллои Ҷоми Тоҷикистон сарфароз гаштааст. Инчунин ҳамчун сармураббии «Сабо» соли 2012-ум дар мусобиқаи лигаи якуми Тоҷикистон бо медали биринҷӣ мукофотонида шудааст. Аз соли 2003 то 2013 дар дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар вазифаҳои мураббии калон ва сармураббӣ кор кардааст.

Нӯъмонҷон Юсуфов мураббии дорои муҷаввизи «А»-и Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG