Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши Кобул 21 кушта бар ҷой гузошт


Вазъ баъд аз таркиш дар назди тарабхона
Вазъ баъд аз таркиш дар назди тарабхона
Дар инфиҷори шоми рӯзи ҷумъа дар назди яке аз тарабхонаҳои Кобул 21 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки 13 нафари онҳо шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Мақомоти Афғонистон хабар додаанд, ки дар миёни кушташудагон намояндаи Бунёди байналмиллалии асъор дар Афғонистон ва 4 корманди СММ ҳастанд.

Сафорати Амрико дар Кобул низ дар сафҳаи Twitter -и худ навишт, ки ду нафари дигар аз хориҷиёни кушташуда шаҳрвандони Амрико мебошанд. Бештар аз 5 нафари дигар дар ин ҳодиса ҷароҳат бардоштаанд.

Бино ба маълумоти пулис, шоми 17 январ як маргталаб худро дар даромадгоҳи тарабхона таркондааст ва ду нафари дигар вориди тарабхона шудаанд ва ба сӯи ҳуззор тирпарронӣ кардаанд.

Забиҳулло Муҷоҳид-намояндаи Толибон дар Twitter-и худ навиштааст, ин ҳамла интиқом барои ҳамлаҳои ҳавоии рӯзи сешанбеи нируҳои Амрико ба вилояти Парвон мебошад, ки дар он афроди ғайринизомӣ ба қатл расидаанд.

Бан Ки Мун-Дабири кулли СММ ҳамла ба тарабхонаи Кобулро маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG