Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Махачқалъа 4 тундрав кушта шудаанд


Махачқалъа, шаби 17 январ

Махачқалъа, шаби 17 январ

Мақомоти интизомии Русия мегӯянд, ки дар ҷараёни як амалиёти вижа дар Махачқалъа-маркази ҷумҳурии Доғистон 4 нафар тундравҳои исломӣ кушта шудаанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар миёни кушташудагон Маҳмуд Алиев, ки дар гузаштаи наздик раҳбари тундравҳои Махачқалъа муаррифӣ шуда буд ва ҳамчунин Зоира Алиеваи 26 сола низ ҳастанд. Шавҳари Зоира низ тундрав буд ва кушта шудааст. Бино ба хабарҳо, худи Зоира ба як амалиёти маргталабона омодагӣ мегирифт.
XS
SM
MD
LG