Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони Сурия дар Туркия мулоқот мекунанд


Аҳмад Ҷабра яке аз раҳбарони Эътилофи Миллии Сурия
Аҳмад Ҷабра яке аз раҳбарони Эътилофи Миллии Сурия
Интизор меравад, ки гурӯҳҳои мухолифони Сурия масъалаи ширкати худ дар музокироти рӯзи шанбе дар Туркияро баррасӣ кунанд. Қарор буд, ки музокироти аъзои Эътилофи Миллиии Сурия рӯзи ҷумъа дар Туркия баргузор шавад, вале ба сабаби ихтилофи назари аъзои ин эътилоф музокирот ба таъхир афтод. Таҳлилгарон мегӯянд, ки то ҳол маълум нест, ки онҳо кай ва чӣ тавр ба тасмими ниҳоӣ хоҳанд расид.

Музокироти миёни мухолифон ва ҳукумати Башор Асадд-раиси ҷумҳури Сурия барои ҳафтаи оянда дар Шветсария дар назар гирифта шудааст. Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико аз мухолифони Сурия хостааст, ки дар ин музокирот ширкат ҷӯянд, зеро он нахустин мулоқоти мустақими миёни ҷонибҳо барои хатми муноқишаҳои сесола мебошад. Дар ин муноқишаҳо бештар аз 100 ҳазор нафар кушта шудаанд.
Валид Муаллим-вазири корҳои хориҷаи Сурия гуфт, ки дар ҷараёни боздиди рӯзи ҷумъаи худ аз Маскав ба мақомоти Русия нақшаи оташбас барои шаҳри Ҳалабро пешкаш кардааст. Дар ин шаҳр нируҳои ҳукуматӣ ва мухолифон бештар аз як сол бо ҳам меҷанганд.
XS
SM
MD
LG