Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон яке аз панҷ кишваре номбар шуд, ки сатҳи маҳдудиятҳо дар озодиҳои мазҳабӣ дар як соли пеш хело баланд буд.

Ба “панҷгона” Озарбойҷон, Марокаш, Ироқ ва Қазоқистон низ шомиланд. Аммо Маркази таҳқиқотии амрикоии Pew Research Center, ки рӯзи ҷумъа, 17 январ, пажӯҳиши наваш дар бораи озодиҳои мазҳабӣ ва сатҳи хусумати мазҳабиро муаррифӣ кард, мегӯяд, маҳдудиятҳо дар озодиҳои адён дар ин кишварҳо соли 2012 афзоиш ёфтааст. Дар пажуҳиш ин ду мавзӯъ – маҳдудиятҳо дар озодиҳои мазҳабӣ ва хусумати иҷтимоӣ дар солҳои 2011 ва 2012 дар 198 кишвари олам матраҳ шудааст.

Маҳдудиятҳо дар озодиҳои мазҳабӣ, бар пояи арзёбии муаллифон, талоши манъ кардан ё ҷилавгирӣ аз фаъолияти густурдаи ин ё он мазҳаб ва ҳамзамон арҷгузорӣ ба дини алоҳида аст ва хусумати иҷтимоӣ-душманӣ ба дигар адён аз сӯи афроди алоҳидаву созмону гурӯҳҳо, аз ҷумла, низоъҳои мусаллаҳонаи мазҳабиву терроризм, ва таъқибу фишор аз рӯи мансубият ба динро дар назар дорад.

Гуфта мешавад, ки тайи як сол - аз соли 2011 то соли 2012 - феҳристи кишварҳои сатҳи маҳдудиятҳои мазҳабӣ хело баланд аз 20 то 24 давлату қаламрав афзоиш ёфтааст. Дар ин давра дар ҳар кишвари саввуми олам сатҳи боло ё хело болои маҳдудсозиҳои ҳукуматҳо дар бахши дин ба чашм расидааст, дар ҳоле, ки шаш сол пеш, вақте гузориши қаблӣ таҳия шуда буд, ин маҳдудиятҳо фақат дар 20 дар сади кишварҳо мавҷуд буданд.

Муаллифони гузориши Pew Research Center намунае аз маҳдудиятҳо дар озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон наовардаанд, аммо ба чанд далели маҳдудсозиҳову хусуматҳои мазҳабӣ дар бархе кишварҳо ишора кардаанд.

Дар вилояти Хэнани Чин моҳи ноябри соли 2012 як чиноӣ духтари мусалмонро таъқиб карда, мехост чеҳраи пушти фаранҷӣ пинҳони ӯро бубинад, ки ин боиси норозигии садҳо уйғурҳо шуд ва баъдан эътирозҳо ба бенизомиҳо печиданд. Як моҳ қабл аз ин дар вилояти Гансуи Чин бархӯрдҳои мазҳабӣ баъди он шурӯъ шуданд, ки гурӯҳи рӯҳониҳои бутпарасти Тибет ба мусалмонҳои машғули бунёди масҷид ҳамла карданд. Моҳи майи соли 2012 мусалмонҳо дар Кения ду рӯҳонии масеҳиро дар ҳоле эъдом карданд, ки ба аёдати як мусалмони ба дини насронӣ гаравида омада буданд.

Моҳи марти ҳамон сол як тундрави муқими Фаронса ба мактаби яҳудӣ дар шаҳри Тулуза ҳамла карда, рабӣ ва се кӯдакро ба қатл расонд. Моҳи август афроди нажодпараст дар ибодатгоҳи сикхҳо дар аёлати Висконсини ИМА тирпарронӣ карданд, ки мунҷар ба ҳалокати шаш нафар ва ҷароҳат бардоштани се каси дигар гардид. Моҳи ноябр донишҷӯёни Донишгоҳи Кобул талош карданд, ки аз баргузории маросими Ошуро, ёдбуди Имом Ҳусейн, набераи Паёмбар Муҳаммад (с) аз сӯи ҳамсабақҳои шиамазҳаби худ ҷилавгирӣ кунанд, ки он ба хушунат печид ва боиси ҳалокати ду нафар гардид.

Фаридун Ҳодизода, раиси Академияи муколамаи байни мазҳабҳои Тоҷикистон.

Фаридун Ҳодизода, раиси Академияи муколамаи байни мазҳабҳои Тоҷикистон.

Муаллифони пажӯҳиш навиштаанд, ки далелҳои таъқиб аз рӯи мансубият ба дину мазҳабҳро дар 185 кишвари олам ошкор кардаанд. Аз ҳама бештар насрониҳо – дар 151 кишвар ва баъдан мусалмонҳо – дар 135 давлат мавриди таъқибу фишор қарор доштанд. Яҳудиҳоро дар 95 кишвари олам хуш надоштанд. Пайравони дигар адёнро дар 77 кишвари олам таъқиб кардаанд.

Фаридун Ҳодизода, раиси Академияи муколамаи байни мазҳабҳои Тоҷикистон, мегӯяд, ки бо гузориши Pew Research Center мувофиқ аст, зеро, аз нигоҳи ӯ, ҷомеаи имрӯзи кишварро наметавон таҳаммулпазир номид. Мусоҳиби мо меафзояд, арзёбии пажӯҳишгарони амрикоӣ шояд бо қатъи фаъолияти калисои "Шоҳидони Яҳво" ва дар барангехтани низои байнимазҳабӣ гумонбар шудани 17 пайрави он бастагӣ дорад. Ҳамчунин солҳои ахир дар Тоҷикистон як каниса, як калисо ва се масҷид баста ва намозгузорӣ дар садҳо масҷиди бидуни сабти ном манъ шудааст. Соли 2012, ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, дар робита ба ифротгароӣ 30 парвандаи ҷиноӣ боз ва 144 нафар бо ин иттиҳом равонаи зиндон шуданд.

Ҳамон сол Кумитаи дини Тоҷикистон мақоми масҷиди бародарон Тӯраҷонзодаҳоро, ки рӯзҳои ҷумъа то 10 ҳазор намозгузорро ҷамъ мекард, ибтидо барои се моҳ пойин бурда, сипас бародарон Нуриддин ва Маҳмудҷон Тӯраҷонзодаҳоро аз мақоми имом-хатиби ин масҷид маҳрум кард. Бар илова, додгоҳ Нуриддин Тӯраҷонзода ва бародари дигари онҳо Акбар Тӯраҷонзодаро бо ҷурми таҳқири раҳбари Шӯрои уламои исломӣ ҷарима кард.

Аммо Мавлон Мухторов, муовини пешини раиси Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон, гузориши маркази Pew Research Center-ро қабул надорад ва ҷомеъаи Тоҷикистонро таҳаммулпазир мехонад ва мегӯяд, “ду далел – расман сабти ном шудани 74 иттиҳодияи динӣ ва имкони таблиғоти озодона доштани онҳо – баёнгари таҳаммулпазирии мусалмонҳои тоҷик ба дигар адён аст”.

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, донишманди улуми исломӣ.

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, донишманди улуми исломӣ.

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, донишманди илми фиқҳ, ҳам мегӯяд, ки дини Ислом ва мазҳаби Ҳанафия таҳаммулпазиранд ва таҳқиру тавҳин ба намояндагони дигар динҳои осмонӣ ва ҳатто мушриконро раво намебинад. Ба гуфтаи ӯ, “Худованд ба мусалмонҳо таъкид кардааст, ки шумо ба бутҳои бутпарастҳо тавҳин накунед, ҳарчанд ақли инсонӣ исбот мекунад, ки Бут Худо нест ва Худоеро бояд парастед, ки офаридгори шумост, Худоеро, ки ба шумо фоидаву зиёне расонида метавонад, чӣ гуна ба Бут метавон саҷда кард, ки ҳатто ба худаш нафъ расонда наметавонад ва худашро ҳимоят карда наметавонад. Дар Қуръон ба тавҳид ва яккапарастӣ таъкид шудааст ва аммо Худованд гуфтааст, ки шумо олиҳа ё ин ки худоҳои бутпарастҳоро, вақте онҳоро муқаддас мехонанд, таҳқир накунед. Ва ташреҳ шудааст, вақте шумо ба онҳо тавҳин мекунед, онҳо ба шумо ҳамлаи бемисл мекунанд”.

Шояд ба ҳамин хотир тарғибгарони дигар адён худро дар Тоҷикистон амну осуда эҳсос мекунанд. Фаридун Ҳодизода мегӯяд, ки намояндагони дигар адён, аз ҷумла, баптистҳо, евангелистҳо, баҳоиҳо, дар тарғиботи мазҳабии худ дар Тоҷикистон мушкиле надоранд. “Шоҳидони Явҳо” низ, бо вуҷуди манъи расмӣ, то ҳол хона ба хона гашта таблиғоти худро идома медиҳанд. Аммо, меафзояд мусоҳиби мо, онҳо акнун фақат дар шаҳрҳо ва миёни мардуми русзабон кор мебаранд. Зимнан, ба гуфтаи Фаридун Ҳодизода, раҳбарони калисои "Шоҳидони Яҳво" иқрор мекунанд, ки онҳо ҳам зиёдаравӣ карда он солҳо ба ҳушдорҳои мақомоти ҳукуматӣ гӯш надода буданд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо

Фаридун Ҳодизода мегӯяд, таблиғот ба хотири ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба дигар адён солҳои 90-ум, баъди истиқлоли кишвар авҷ гирифт - он солҳо теъдоди бузурги мубаллиғони дигар динҳо ба кишвар омаданд.Ӯ меафзояд, “ин мубаллиғон, ки пул доштанд, мардумро ба дини худ даъват мекарданд ва он вақт мардум ҳам ба дин ташнатар буд ва намедонист кадом тараф равад. Хусусан насрониҳо он солҳо зиёд кор карданд...”.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, дар як нишаст бо имомхатибони вилояти Хатлон эълом дошт, ки ҳоло 150 ҳазор тоҷик пайрави дигар динҳо ҳастанд ва табдили дин ба ин гуна сурати дастаҷамъӣ ҳатто дар даврони Шӯравӣ мушоҳида нашуда буд. Бахши бузурги ин гурӯҳ, ба гуфтаи ӯ, масеҳӣ шудаанд, вале ба хотири табъиз нашудан дар ҷомеъаи мусалмоннишин, мазҳаби воқеии худро пинҳон медоранд.

Дар ҳамин ҳол таҳлилгарон ба афзоиши ихтилофи дохилӣ миёни мазҳабҳои Ислом ишора мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳатто дар мазҳаби суннӣ миёни гурӯҳҳои алоҳида – салафиҳову таблиғиҳо ва суннатгароҳо гоҳо танишҳои шадид лафзӣ сурат мегиранд. Фаридун Ҳодизода мегӯяд, ки боре ҳатто шоҳиди даст ба гиребон ҳам задани салафиҳо ва суннатгароҳо шуда буд.

Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, низоъҳои мазҳабӣ дар олами ислом бештар решаи сиёсӣ доранд.

Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, низоъҳои мазҳабӣ дар олами ислом бештар решаи сиёсӣ доранд.

Вале Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагон мегӯяд, ихтилофҳои дохилӣ фақат хоси Ислом нест, дар аксар динҳову ҷараёнҳои фикрӣ ихтилофи мазҳабиву гурӯҳӣ то ҳол амиқ боқӣ монда аст - таърихи динҳои масеҳиву яҳудӣ ва буддоӣ гувоҳи ҷангу хунрезиҳои зиёд миёни гурӯҳу шохаву ҷараёнҳои мухталифи ин адён аст. Аз нигоҳи ӯ, низоъҳои мазҳабӣ дар олами ислом бештар решаи сиёсӣ доранд - бархе аз қудратҳои ҷаҳонӣ ба хотири манфиатҳои геополитикияшон оташи низоъ миёни шиаҳову сунниҳоро доман мезананд ва талош доранд, ки баҳсҳои мазҳабиро ба хиёбонҳо кашонанд.

Муҳиддин Кабирӣ меафзояд, имрӯз касе аз афроди маъруфи олами Ислом ҷасорати пешниҳоди муколама миёни мазҳабҳоро надорад, зеро уламои ҳам суннӣ ва ҳам шиъа мутмаинанд, дар сурати пешниҳоди чунин як иқдом онҳоро дар ақибнишинӣ аз андешаҳои мазҳабияшон айбдор мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG