Пайвандҳои дастрасӣ

Пешовар бузургтарин манбаъи фалаҷи афтол будааст


Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, шаҳри Пешовари Покистон “бузургтарин манбаъи бемории фалаҷи атфол дар ҷаҳон аст. Ин созмон рӯзи ҷумъа бо нашри баёнияе гуфт, 90 дар сади мавридҳои сирояти беморӣ аз Пешовар сарчашма мегиранд ва аз ҳар 13 мавриди сирояти фалаҷи атфол дар Афғонистони ҳамсоя манбаъи 12-тои он аз Пешовар аст. Дар Покистон соли 2013, наваду як мавриди сирояти фалаҷи атфол сабт шудааст ва аксарияти мубталоён ҳам дар Пешовар ба ин дард печидаанд. Тундравони исломӣ дар Покистон бисёр вақт намегузоранд, ки бачаҳоро алайҳи ин беморӣ ваксин зананд, зеро ба ақидаи онҳо ваксинзанӣ кори ғайриисломист ва кормандони тиббӣ ҷосусони Амрико ҳастанд.
XS
SM
MD
LG