Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия мегӯяд, омодаи табодули асирон аст


Ҳукумати Сурия мегӯяд, омода аст, феҳрасти шӯришиёни асирро барои табодули эҳтимолии асирон ба мухолифони давлат бидиҳад. Дар ин бора Волид Муаллим, вазири умури хориҷии Сурия, баъд аз мулоқот бо Сергей Лавров ҳамтои руси худ дар шаҳри Маскав хабар дод. Волид Муаллим ҳамчунин гуфт, ки барномаи созиши оташбас бо шӯришиён дар шаҳри Ҳалаб, дуввуми шаҳри бузурги Сурияро ба Русия пешниҳод кардааст. Мулоқоти намояндагони ду тараф дар Маскав дар остонаи музокироти сулҳ дар Сурия сурат гирифт, ки қарор аст, рӯзи 22 январ баргузор шавад. Ҳоло мухолифони умдаи давлати Сурия дар Истанбул ҷамъ омада ва масъалаи рафтан ва ё нарафтан ба ин музокиротро баррасӣ мекунанд. Шӯрои Миллии Сурия таҳти фишори Амрико гуфт, ки дар музокирот ширкат хоҳад кард, ҳарчанд аксари аъзои шӯро аз он хориҷ шудаанд. Ҷон Керрӣ вазири умури хориҷии Амрико аз мухолифони давлати Сурия хост, дар музокирот ширкат кунанд.
XS
SM
MD
LG