Пайвандҳои дастрасӣ

Ба ниҳодҳои масъул пешниҳод шудааст, ки зебоиҳои нотакрор, масирҳои хатарноки кӯҳгардӣ ва пиряхҳои Бадахшон якҷо бо меҳмонсароҳои гарму нарм, хӯроку ҳавои тоза ва хадамоти хуб Тоҷикистонро ба Маккаи ҷаҳонгардон табдил диҳанд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷалби бештари ҷаҳонгардон ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ 49 пешниҳод додаст, ки аксари онҳо ба беҳбуди зербинои туристӣ, хизматрасонӣ, ҳамкорӣ бо ширкатҳои ҷаҳонии туризм ва таблиғи масирҳои сайёҳат дар кишвар бастагӣ доранд. Ин дар ҳолест, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ чанде пеш барои ҷалби ҷаҳонгардон наздики 11 ҳазор варақаи рангаи таблиғӣ нашр намуда, ба воситаи консулгариҳои Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ фиристодааст.

Дар ҳоли ҳозир ба Тоҷикистон бештар онҳое сафар мекунанд, ки қаблан ҳам дар бораи зебоиҳои ин кишвар маълумоти кофӣ доштанд. Аз ҷумла Диана Алексеева, ҷавондухтари украинӣ, ки наздики як моҳ аст, дар Тоҷикистон сайёҳат мекунад ва мегӯяд, ӯро беш аз ҳама пиряхҳои бузурги Бадахшон ба ин ҷо овардаанд. Ба нақли Диана ӯ ҳанӯз замони мактабхонияш орзуи дидани пиряхҳои Бадахшонро мепарваридааст, ки аз дарсҳои ҷуғрофиё дар ёди ӯ мондаанд. Вай меафзояд ҳангоми сафар шаҳри Панҷакентро низ дид ва бо мавзеъҳои таърихии он ошно гашт.




Ба ақидаи Диана Алексеева, камбуди зербинои хуби сайёҳиро дар ин ҷо зебоиҳои табиат то андозае ҷуброн мекунанд: «Албатта туризм дар ин ҷо мисли Туркия ва кишварҳои Аврупо зиёд рушд накардааст. Таъсири ҷаҳонишавӣ ба ин ҷой ҳанӯз камтар аст. Мо дар ин ҷо дар юртаҳо ва хонаҳое зиндагӣ мекунем, ки бори аввал мебинам, аммо хело зебоянд. Ба ман ҳамаи ин чизҳо ва кӯҳҳои баланди яхпуш писанд аст.»

Ҷолиб аст, ки Диана дар бораи хонаҳои бостонии бадахшониён зиёд шунидааст, аммо ҳоло дар Бадахшон дар юртаҳои қирғизӣ шабро рӯз мекунад ва аз ҳавои сард эмин аст.

Дар соли гузашта, бино бар омори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон 320 ҳазор ҷаҳонгард ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Раиси ин ниҳоди давлатӣ, Маликшо Неъматов дар як ҳамоиш гуфт, барои рушди туризм дар Тоҷикистон беш аз 100 созмону ширкати сайёҳӣ амал мекунанд, ки бештарашон ба қабули ҷаҳонгардони хориҷӣ машғуланд. Вай низ иқрор кард, ки танҳо бо меҳмоннавозӣ наметавон соҳаи туризмро дар кишвар равнақ дод:

«Агар як банди муносибати эҳтироми ё хизматрасонии сатҳи баланд вайрон шавад бояд бидонем, ки он сайёҳ дигар ба Тоҷикистон намеояд. Ин раванди хеле нозук аст ва фарҳангу фаросати баланд мехоҳад. Дар меҳмоннавозӣ шояд мо ҳамто надошта бошем, аммо дар хизматрасонӣ мо бояд мутахассисонро омода кунем. Бояд мутахассис хизматрасонӣ кунад. Зеро ҳар кас наметавонад аз субҳ то шом табассум карда хушомадед гӯяд.»

Ба ақидаи коршиносон, ҳатто дар давраи ҷанги дохилии солҳои 1992-97-и Тоҷикистон низ ҷаҳонгардоне ба ин кишвар меомаданд. Он замон зербинои фурӯрафтаи ҷаҳонгардӣ дар кишвар далелҳои муайян дошт, вале бо гузашти ин ҳама сол низ ҳанӯз Тоҷикистон натавонистааст, ин риштаро дар сатҳи баланди байнулмилалӣ ба роҳ монад. Он ҳам дар ҳоле ки туризм метавонад ба яке аз соҳаҳои пурдаромади кишвар табдил ёбад.

Масирҳои ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон низ зиёд нашудаанд ва сайёҳон асосан барои дидани кӯҳҳои Помир ва мавзеъҳои таърихии вилояти Суғд ба Тоҷикистон меоянд.

Саидалӣ Ғайбуллоев, раҳбари ширкати сайёҳии «Гиды Памира», ки ҷаҳонгардонро барои тамошои Бадахшон мебарад, ба радиои “Озодӣ” гуфт, бештари сайёҳон аз Аврупоянд ва бештар дар фасли гармо ба Тоҷикистон сафар мекунанд: «Онҳо бештар расму оин, меҳмоннавозӣ ва табиати кишварамонро баҳогузорӣ мекунанд. Барояшон анъанаҳои тоҷикон ҷолиб аст. Ин аст, ки мо барои ҷалби ҷаҳонгардон дар ҳама ноҳияҳои Бадахшон меҳмонхона амал мекунанд. Дар тобистон онҳо дар юртаҳо шабашонро рӯз мекунанд.»

Ҳамсӯҳбати мо меафзояд, ҳарчанд истилоҳи «Роҳи Абрешим» барои бисёре аз хориҷиён ҷолиби диққат аст, масирҳои наву шавқангез бо пажӯҳиши дақиқи илмӣ пайрезӣ ва танзим нашудаанд. Ин мавзуъ низ шаффоф нест, ки даромади туризм ва шикори байнулмилалӣ дар кишвар то куҷо барои рушди ин соҳаи муҳим харҷ мешавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG