Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзи "Барқи тоҷик" аз "Сангтӯда-1" боз 20 миллион афзуд


Масъулони нерӯгоҳи обию барқии «Сангтӯда-1» дар сомонаи расмии ин ширкат хабар додаанд, ки қарзи ширкати «Барқи тоҷик» аз ин нерӯгоҳ боз ҳам афзоиш ёфта, ба 427,1 миллион сомонӣ расид.

Дафтари матбуоти нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" рӯзи 17-уми январ бо тасдиқи ин хабар гуфт, тибқи охирин гузоришҳо, ҳаҷми қарзи ширкати «Барқи тоҷик» ба 404, 3 миллион сомонӣ баробар буд ва ахиран ба 427,1 миллион сомонӣ расид.

Қарзи «Барқи тоҷик» ҳамчун харидори ягонаи барқи "Сангтӯда-1" то 1-уми октябри соли 2013 ба 404,3 миллион сомонӣ ё муодили 81,4 миллион доллари ИМА баробар буд, аммо сарфи назар аз пардохти 10 миллион сомонӣ дар моҳ ҳаҷми қарзи он боз беш аз 20 миллиони сомонии дигар афзудааст.

Тавре масъулони «Сангтӯда-1» мегӯянд, чунин вазъият имкон намедодааст, ки нерӯгоҳ музди коргарони худро пардозад ва барои тармиму нигоҳдории вазъи фании агрегатҳои «Сангтӯда-1» сарфу харҷ кунад. Дар ҳамин ҳол, як намояндаи ширкати «Барқи тоҷик» гуфт, ки барои пардохтани қарзи «Сангтӯда-1» машваратҳои дуҷониба идома дорад ва тайи чанд моҳи охир ширкати «Барқи тоҷик» ҳармоҳа ҳудуди 10 миллион сомонӣ ба ҳисоби нерӯгоҳ ворид мекунад.

Ахиран Павел Лавров, мудири кулли нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» дар як баёнияи худ гуфтааст, ки маблағи «Барқи тоҷик», ки ҳар моҳ 10 милион сомонӣ интиқол медиҳад, иқдоми нек аст, вале барои бароварда сохтани ниёзмандиҳои нерӯгоҳ кофӣ нест.

Вай мегӯяд, дар фасли зимистон талаботи Тоҷикистон бо нерӯи барқи Сангтуда-1 боз ҳам бештар мешавад ва дар ивази ин маблағ қисман мешавад, ки аҳолии ин кишварро барқ дод.

Нерӯгоҳи «Сангтуда -1», 25 дарсади саҳмияҳояш ба Тоҷикистон ва боқимонда ба Русия тааллуқ доранд.
XS
SM
MD
LG