Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Унвонҳои илмии муҳаққиқони тоҷик дар хориҷ эътироф мешаванд"


Раиси Академияи улуми Тоҷикистон мегӯяд, унвонҳои илме, ки дар пажуҳишгоҳҳои илмии ин кишвар зимни ҳимоя ба муҳаққиону донишмандони тоҷик дода мешаванд, дар хориҷ низ эътироф мегарданд.

Фарҳод Раҳимов, президенти Академияи улум рӯзи ҷумъаи 17-уми январ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, "муҳаққиқони мо бо дифоъи рисолаи илмӣ саҳме дар пешбурди соҳаҳои мухталифи Тоҷикистон мегузоранд ва унвонҳои онҳо дар берун аз кишвар низ мақоми худро доранд ва эътироф мешаванд ."

Ба ин далел ҷаноби Раҳимов гуфт, ҷавонони кишвар имкон доранд, то дар пажуҳишгоҳҳои имлии Академия ба таҳсил фаро гирифта шаванд ва нақше дар пешбурди имли тоҷик ва муаррифии он дар сатҳи ҷаҳонӣ дошта бошанд.

Аммо ба таъкиди Фарҳод Раҳимов, яке аз талаботҳои дифоъи рисолаи илмӣ, навиштани он ба забони русӣ аст ва дар ин самт, барои аспирантону олимони ҷавон давраҳои омӯзиши забонҳо, ба хусус забони русӣ ташкил карда шудааст, ки барои кори илмиашон кӯмак хоҳад кард.

Ҳамзамон ба иттилои ҷаноби Раҳимов дар пажуҳишгоҳҳои илмии академия 560 нафар аз шаҳрвандони Эрон ба унвони унвонҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ба хотири осонии корашон барои онҳо давраҳои омӯзиши хати сирилик ва забони русӣ созмон дода шудааст.

Аммо мушкиле, ки ба гуфтаи раиси Академияи улуми Тоҷикистон барои унвонҷӯёни эронӣ пешоруст, набуди бархе аз шӯроҳои илмӣ, ки ин масъала бо ҷониби Русия мавриди баррасӣ қарор дорад ва умед аст, ки дар ояндаи наздик ҳалли худро пайдо кунад.
XS
SM
MD
LG