Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ҳисор паланги барфиро акс гирифтаанд


Табиатшиносон мегӯянд, дар Узбакистон бори нахуст паланги барфиро ба навор гирифтанд, ки аввалин далели қотеъи сукунати ин ҷонвари нодир дар кишвар аст. Созмони Пантера ва Бунёди Ҷаҳонии Табиат бо нашри баёнияе дар рӯзи панҷшанбе гуфтанд, камераҳои наворбардорӣ, ки соли 2013 дар мамнӯъгоҳи Ҳисор дар Узбакистон гузоштаанд, ду паланги барфиро бо ҷонварҳои дигар, мисли оҳу, хуки ваҳшӣ ва заргӯш акс гирифтаанд. Паланги барфӣ, ки дар Бадахшони Тоҷикистон ҳам сукунат дорад, аз ҷонварҳои нодир ва дар ҳоли нобудӣ ба ҳисоб меравад. Тахмин мешавад, ки дар 12 кишвари Осиё дар маҷмӯъ то 7 ҳазор паланги барфӣ вуҷуд дорад. Онҳорон аксаран барои пӯсти зебову гаронашон ғайриқонунӣ шикор мекунанд.
XS
SM
MD
LG