Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз мухолифони Сурия хост, ба музокирот бипайванд


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи панҷшанбе аз мухолифони парокандаи Сурия хост, ба музокироти сулҳ бипайванданд, ки ҳадафи он хотима додан ба ҷанг ва пайдо кардани роҳҳои таъсиси ҳукумати муваққат аст. Қарор аст, мухолифони давлати Сурия рӯзи ҷумъа дар бораи ширкат дар музокироти сулҳи рӯзи 22 январ дар Швейтсария тасмим бигиранд. Ҳукумати Русия аз кишварҳои ғарбӣ хостааст, ки Эронро низ ба ин ҳамоиш даъват кунанд. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, “Эрон ногузир ба як бозигари хотима додан ба ҷанг дар Сурия” табдил хоҳад шуд ва аз ин рӯ бояд ба музокирот даъват шавад. Сергей Лавров рӯзи панҷшанбе муноқиша дар Сурияро бо Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон ва Волид ал-Муаллим, вазири умури хориҷии Сурия баррасӣ кард. Муҳаммад Ҷавод Зариф гуфт, кишвараш дар сурати ҳар гуна пешшарт дар музокирот ширкат нахоҳад кард. Амрико мегӯяд, ҳукумати муваққати Сурия бояд бидуни раиси ҷумҳур Башшор Асад таъсис шавад.
XS
SM
MD
LG