Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Украина тазоҳуротро мамнӯъ эълон кард


Порлумони Украина қонунеро қабул кард, ки бар асоси он тазоҳурот дар хиёбонҳои кишвар мамнӯъ аст. Вакилони мардумӣ ҳамчунин санадеро ислоҳ карданд, ки ба ҳизби ҳоким иҷоза медиҳад, вакилони қонуншикан дар порлумонро ба осонӣ аз ҳаққи масуният маҳрум намоянд. Иттиҳодияи Аврупо ҳарду ин санадро танқид карда гуфт, ки он рукнҳои демократия дар Украинаро ба хатар меандозад. Ян Томбински, сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Украина гуфт, раъйгирӣ дар мавриди ин санадҳо, на аз роҳи электронӣ, балки аз роҳи боло кардани дастҳо сурат гирифт, ки мухолифи меъёрҳои раъйдиҳӣ дар порлумони Украина аст. Карл Билдт, вазири умури хориҷии Украина гуфт, ки санадҳои тасвибшуда озодӣ дар Украинаро ба шиддат маҳдуд мекунад. Бар асоси қонуни нав, дигар касе ҳақ надорад, бе иҷоза дар кӯчаҳо хайма занад, минбар дуруст кунад ва ё аз баландгӯ истифода барад ва барои ин кор то 640 доллар ҷарима ва 15 рӯзи зиндон ҷазо муқаррар шудааст. Бар асоси санади дуввум, вакилон ҳақ доранд, бе ризоияти қаблии кумитаи махсуси порлумон, ҳамкори худро аз ҳаққи масуният маҳрум кунанд.
XS
SM
MD
LG