Пайвандҳои дастрасӣ

Дар як садамаи нақлиётӣ дар Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 6 нафари дигар ҷароҳат бардоштааст.

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намоянадгии Хадамоти муҳоҷират дар Маскав 17-уми январ ба радиои Озодӣ гуфт, ки субҳи имрӯз соати 7-00 ба вақти Русия дар шоҳроҳи Челябинск-Екатринбург дар наздикии ноҳияи Касли як автобуси «Опел», ки дар он 8 шаҳрванди Тоҷикистон савор будаанд ба микроавтобуси «Газел» бармехурад, ки дар натиҷа ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта мешаванд.

Шумораи кушташудаҳо ҳамагӣ се нафар буда, яке аз онҳо шаҳрванди Узбакистон будааст.

Шаҳрвандони Тоҷикистон Шодӣ Шодиев, сокини деҳаи Зосуни ноҳияи Айнӣ ва Зоирҷон Раҳмонов, аз деҳаи Доваи ноҳияи Рашт дар ин садама ҷон бохтаанд.

Иброҳим Аҳмадов афзуд, ки феълан барои шиносоӣ ҷасадҳо ба морги ноҳияи Касли интиқол дода шуда ва намояндаи Хадамоти муҳоҷират Шоҳназар Табаров дар онҷо қарор дорад ва шароти интиқоли онҳо ба Тоҷикистонро бо мақмомти ин ноҳияи баррасӣ доранд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи гузашта як ҷасади муҳоҷири тоҷикро аз Русия ба ватан оварда буданд. Абдулло Каримов, як сокини шаҳри Душанбе, ки дар Русия ба таври ваҳшиёна кушта шуда буд дирӯз ба хок супурда шуд.

Абумуслим Каримов, сокини Душанбе бародари Абдулло Каримови 48-сола рӯзи 17-уми январ ба радиои Озодӣ гуфт, дирӯз тобути бародарашро аз Маскав оварданд, ки нишонаҳои зарби оҳани вазнин дар сараш хеле рушан мушоҳида мешуд.

Абумуслим нақл мекунад, ки бародараш шаби 24 ба 25 декабр дар маҳалаи Измайлови Маскав аз тарафи афроди номаълум мавриди ҳамла қарор гирифта ва бо зарби болғаи калон бар сараш кушта шудааст.

«Бародарам чанд моҳ музди корашро нагирифта буд ва пеш аз соли нав мехост ба назди фарзандонаш биёяд. Вақте ки маоши чандмоҳаашро аз корхонаи «Металоконструксия»-и Измайлово мегирад, вақти баргашт ба ҳуҷрааш аз тарафи афроди ношинос мавриди ҳамла қарор мегирад, пас аз куштан ҳамаи пулҳояшро гирифтаанд», меафзояд Абумуслим.

Абдулло Кароимов чанд соли ахир дар Маскав се фарзандашро аз пули муҳоҷирати корӣ таъмин мекард ва дар корхонаи «Металоконструксия»-и ноҳияи Измайловои Маскав ба ҳайси посбон фаъолият доштааст. Ҷасади ӯро дирӯз дар қабристони Калинини Душанбе ба хок супордаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG