Пайвандҳои дастрасӣ

320 ҳазор ҷаҳонгард аз Тоҷикистон дидан кардааст


Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мегӯяд, ки муддати як соли ахир 320 ҳазор ҷаҳонгарди хориҷӣ аз ин кишвар дидан карданд.

Маликшоҳ Неъматов, рӯзи ҷумъаи 17 январ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки "аз ҷумлаи 320 ҳазор ҷаҳонгарде, ки соли 2013 ба Тоҷикистон омаданд, 220 ҳазор нафари онҳо дар чорчуби талаботи Созмони Ҷаҳонии Туристӣ фаъолияти сайёҳиро дар ин кишвар анҷом доданд.»

Ба гуфтаи ҷаноби Неъматов, сол аз сол шароити туристӣ дар манотиқи мухталифи кишвар беҳбуд меёбад ва ин омили ҷалби ҳар чӣ бештари сайёҳон мегардад.

Зеро ба таъкиди раиси кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҷалби туристони хориҷӣ на танҳо боздид аз ҷойҳои диданӣ ва хушманзараи Тоҷикистон аст, балки ин манфиати иқтисодӣ дорад ва маблағҳое ба будҷаи кишвар низ ворид мешавад.

Ҳамзамон ба таъкиди Маликшоҳ Неъматов, ба хотири бештар ба роҳ мондани фаъолиятҳои туристӣ дар кишвар ва ҷалби ҳар чӣ бештари сайёҳон, дар 7 донишгоҳ ва донишкадаи кишвар тахассусҳо боз шудааст ва мутахассисонро дар ин замина омода мекунанд.

Ин ҳама талошҳо ва иқдомот ба назари ҷаноби Неъматов дар ҷиҳати муаррифии Тоҷикистон ба унвояни як кишвари туристӣ ва боло рафтани ҷойгоҳи он дар арсаи байналмилалӣ кӯмак хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG