Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Тифлис аз эҳтимоли дасисаҳои нави Маскав


Ираклий Ғарибашвилӣ
Ираклий Ғарибашвилӣ
Ираклий Ғарибашвилӣ, нахуствазири Гурҷистон, гуфт, ки Тифлис дасисаҳои нави Маскав қабл аз имзои созиши ҳамгироии Гурҷистон бо Иттиҳодияи Аврупоро байид намедонад. Дар як нишасти хабарӣ дар Тифлис ӯ изҳори итминон кард, ки кишвараш тавони муқовимат бо ҳама гуна фишорҳои нави Маскавро дорад. Ҷаноби Ғарибашвилӣ ахиран симхорпеч кардани марзи миёни Гурҷистон ва Осетияи Ҷанубиро чун яке аз дасисаҳои ахир арзёбӣ намуд.

Мақомоти Маскав мухолифи тасвиби созиши ҳамгироии Гурҷистон ва Иттиҳодияи Аврупоянд. Мансабдорони гурҷӣ умедворанд, ки ин санад тайи соли равон комилан тасвиб хоҳад шуд.

Баъд аз ҷанг миёни Гурҷистон ва Осетияи ҷанубӣ дар соли 2008 Русия истиқлоли ду минтақаи ҷудоихоҳ – Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистонро пазируфт. Дар қаламрави ин ҷумҳуриҳо нерӯҳои низомии Русия мустақар шудаанд.
XS
SM
MD
LG