Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зариф: Эрон ҳеҷ шарти ширкат дар Женева-2-ро намепазирад


Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, рӯзи панҷшанбе изҳор намуд, ки кишвараш ягон шарти пешакӣ барои ширкат дар конфаронси байнулмилалӣ оид ба Сурияро қабул надорад. Дар ин бора ӯ рӯзи панҷшанбе, 16 январ, дар як нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои русаш Сергей Лавров дар Маскав хабар дод.

Қарор аст, нишасти маъруф ба Женева-2 ҳафтаи оянда баргузор шавад, аммо Эрон дар он ҳанӯз тайид нашудааст, зеро Вошингтон ба нақши созандаи Теҳрон дар қатъи низои Сурия шубҳа дорад.

Муҳаммад Ҷавод Зариф дар музокирот бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин авзоъ дар Сурия ва татбиқи созиши ҳосилшудаи Теҳрон ва “шашгона” – панҷ узви доимии Шӯрои амнияти СММ ба изофаи Олмон оид ба барномаи ҳастаии Эронро баҳсу баррасӣ кард.

Қабл аз сафар ба Маскав оғои Зариф дар Димишқ бо раисиҷумҳури Сурия Башор Асад атрофи масоили марбут ба конфаронси байнулмилалии “Женева-2” гуфтугӯ дошт, Ҳамроҳ бо Муҳаммад Ҷавоб Зариф ҳамтои суриягияш Валид Муаллим низ ба Маскав омадааст.
XS
SM
MD
LG