Пайвандҳои дастрасӣ

Пиллай: Мухолифини Димишқ ҷиноёти низомӣ содир мекунанд


Раиси Идораи СММ оид ба ҳуқуқи башар Навӣ Пиллай мегӯяд, кушторҳо дар Сурия, ки аз сӯи аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи ҳукумати Башор Асад содир шудаанд, метавонанд чун “ҷиноёти низомӣ” арзёбӣ шаванд. Дар изҳороти ӯ, ки ахиран пахш шуд, омадааст, аз ибтидои сол дар Сурия куштори оммавии шаҳрвандон ва низомиёне сурат гирифт, ки аз сӯи гурӯҳҳои ифротгаро, аз ҷумла, созмони “Давлати исломии Ироқ ва Шом” гаравгон ва асир гирифта шуда буданд.

Дар изҳорот дар бораи теъдоди қурбониёни кушторҳои оммавӣ чизе гуфта нашудааст. Хонум Пиллай хостори муносибати инсонӣ бо афроде шудааст, ки дар набардҳо ширкат надоранд.

Дар ҳамин ҳол ба иттилои Маркази ҳуқуқи башари Сурия, мақараш дар Бритониё, мусаллаҳони созмони “Давлати исломии Ироқ ва Шом” шаҳри Ал-Ракаҳ, воқеъ дар шимоли Сурияро, таҳти назорат қарор доданд.

Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия, бар асари саркӯбии тазоҳуротҳо ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия беш аз 130 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG