Пайвандҳои дастрасӣ

«Равшан»-и Кӯлоб ба иллати вазъи мушкили молии бошгоҳ то ҳоло наметавонад ба бозии плей-оффи Ҷоми АФК-2014 бо тими «Ал Ярмук»-и Яман омодагӣ бигирад.

Ёдовар мешавем, ки бозии дастаи «Равшан», қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, бо тими «Ал Ярмук Ал Равда», қаҳрамони секаратаи Яман, рӯзи 2-юми феврал дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода баргузор мешавад.

Дилшод Шарифов, менеҷери дастаи «Равшан», рӯзи 16-уми январ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, «вазъии молии бошгоҳи мо дар айни ҳол бисёр мушкил аст. Бинобар ин доир шудани бозии “Равшан” бо “Ал Ярмук” дар плей-оффи Ҷоми АФК зери суол аст. Мувофиқи нақша мо бояд рӯзи 10-уми декабр ҷамъомади таълимиву тамринии дастаро шурӯъ мекардем, вале барои омодагӣ ва ширкат дар ин бозӣ, ҷойи хоб ва ғизои футболбозону қабули меҳмонон тахминан 150 ҳазор сомонӣ зарур аст. Мо ҳатто аз футболбозони худ барои бурдҳои даста дар ду моҳи ахири мавсими гузашта қарздорем. Сарпарасти кулли бошгоҳ ду сол моро хуб дастгирӣ кард, аз ҳеҷ чиз камбудӣ надоштем. Ду сол паиҳам қаҳрамони Тоҷикистон шудем. Вале имрӯз Зайнулло Соҳибов, ки чанд рӯз пеш раиси Ширкати “Сементи тоҷик” таъин шуд, хеле серкор аст."

Менеҷери дастаи “Равшан” афзуд: Инчунин сарпарастонамон ҳам имрӯз мушкилоти зиёд доранд. Ва аммо бо вуҷуди ин ба мо минбаъд мувофиқи имконоти хеш кӯмак хоҳанд кард. Ҳангоми таътил се легионери африқоӣ – Соломон Течи, Аккуфо Гершон ва Мӯсо Содиқ ба Гана, инчунин, Сайриддин Ғаффоров ба Узбакистон рафта буданд. Барои бозгашти онҳо ба Тоҷикистон мо имкони харидани билетҳои ҳавопайморо надорем. Бар замми ин мо наметавонем, ки барои пурқувват кардани ҳайати даста бо бозигарони интихобкардаамон қарордод бубандем. Албатта бо чунин ҳол мо на танҳо дар бозии плей-оффи Ҷоми АФК, инчунин, дар чемпионати имсолаи кишвар низ иштирок карда наметавонем. Ин на танҳо ба обрӯи бошгоҳи “Равшан”, ҳамчунин, ба обрӯи футболи тоҷик латма хоҳад зад.”




Ба гуфтаи Дилшод Шарифов имрӯз сардори дастаи “Равшан” Баҳром Рустамов бо раиси шаҳри Кӯлоб ва раиси вилояти Хатлон вохӯрда, аз онҳо хоҳиш мекунад, ки барои ҳалли масъалаҳо ба даста кӯмак кунанд.

Бояд гуфт, ки дар мавриди ба марҳилаи гурӯҳӣ роҳ ёфтани дастаи «Равшан» рақибонаш бошгоҳҳои «Сувайк» ё «Саҳам»-и Умон, «Зат Рас»-и Урдун ва «Сафо»-и Лубнон мешаванд. Сабқати гурӯҳии Ҷоми АFC-2014 рӯзи 25-уми феврал шурӯъ мешавад ва то ин давра марҳилаи интихобӣ барпо мегардад.

Ба ҷуз бозии «Равшан» - «Ал Ярмук» рӯзи 2-юми феврал дар бозии дигари интихобӣ “Ал Дҳария»-и Фаластин дар майдони худ бо қаҳрамони Қирғизистон – дастаи «Олой»-и Ӯш вориди рақобат мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG