Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умедҷон Тоҷиев аз боздоштгоҳ ба бемористон интиқол ёфт


Умедҷон Тоҷиев, узви ҲНИТ, ки дар боздоштгоҳи Хуҷанд ба сар мебурд, бар асари сардӣ дар утоқи боздоштгоҳ дарди пойҳояш хуруҷ кардаанд ва масъулони боздоштгоҳ ӯро дар беморхонаи маҳбаси Хуҷанд «1К-19» бистарӣ карданд. Юсуф Дониёров, вакили дифои Умедҷон Тоҷиев рӯзи 16-уми январ ба радиои «Озодӣ» бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки шароити беморхонаи маҳбас беҳтар аз СИЗО буда, дар онҷо пизишкҳо пайваста муоина мекунанд. Вай афзуд, ки пойҳои шикастаи Умедҷон як каме беҳтар шуда буд, аммо аз таъсири хунукиҳои зиёди ахир дарди пойҳояш хуруҷ карданд.

Қаблан вакили мудофеъ барои дар шароити беморхона табобат ёфтани Умед Тоҷиев ба додситонии вилоят муроҷиат карда буд ва баъди тақрибан як моҳ додситонӣ посух дод, ки ба беморхона интиқол додани вай зарурат надорад. Ин дар ҳолест, ки Додситонии вилояти Суғд таҳқиқи парвандаи Умедҷон Тоҷиев, узви Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистонро анҷом дода, дар авоили ҳамин моҳ барои баррасӣ ба додгоҳи шаҳри Исфара фиристодааст.

Умедҷон Тоҷиев бо моддаи 187, қисми 2(ташкили иттиҳоди ҷиноӣ), моддаи 307(ҳамкорӣ бо созмони экстремистӣ) ва бо моддаи 307, қисми 2 (узвият дар гуруҳи экстремистӣ) айбдор мешавад. Манзур аз ҳамкорӣ бо гурӯҳи эктремистӣ созмони Ансоруллоҳ мебошад, ки гӯё ба назари мақомоти интизомии Исфара Умедҷон бо ин созмон ҳамкорӣ доштааст. Умедҷон Тоҷиев, сокини 34-солаи деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ва узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони умури дохилаи Исфара рӯзи 30 октябри соли 2013 дар бозори деҳаи Ворух боздошт ва ҳамон рӯз бо ҳукми додгоҳи шаҳри Исфара бо ҷурми "итоат накардан ба амри милиса" ба 5 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд.
XS
SM
MD
LG