Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати се нафар дар таркише дар Лубнон


Бар асари таркиши мошин дар шимолу шарқи Лубнон дасти кам се кас кушта ва беш аз 20 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилои расмӣ, маргталаб мошинро дар канори яке аз биноҳои ҳукуматӣ дар маркази шаҳри Ҳармел, воқеъ дар водии Бика, тарконид. Ин шаҳр аз пойгоҳҳои асосии ҷунбиши “Ҳизбуллоҳ” маҳсуб мешавад. Аз таркиш биноҳои атроф осеби ҷиддӣ диданд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, таркиш қабл аз мурофиаи чаҳор узви “Ҳизбуллоҳ” дар Додгоҳи байнулмилаллии Ҳейг ё Гаага рӯй дод. Онҳо дар ташкили куштори нахуствазири собиқи Лубнон Рафиқ Ҳарирӣ дар соли 2005 айбдор мешаванд.

Ҷунбиши “Ҳизбуллоҳ” дар набардҳои Сурия аз сӯи нерӯҳои ҳукуматӣ меҷангад.
XS
SM
MD
LG