Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, рӯзи панҷшанбе вориди Маскав шуд. Қарор аст дар гуфтушунидҳои ӯ бо раҳброни Русия авзоъ дар Сурия ва татбиқи созиши ҳосилшудаи Теҳрон ва “шашгона” – панҷ узви доимии Шӯрои амнияти СММ ба изофаи Олмон оид ба барномаи ҳастаии Эрон баррасӣ шавад.

Интизор меравад, ки Муҳаммад Ҷавод Зариф бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва вазири умури хориҷии кишвар Сергей Лавров музокирот кунад. Қабл аз сафар ба Маскав вазири умури хориҷии Эрон дар Димишқ бо раисиҷумҳури Сурия Башор Асад атрофи масоили марбут ба конфаронси байнулмилалии “Женева-2” сӯҳбат кард. Қарор аст, ки ин нишаст ҳафтаи оянда дар Швейсария баргузор шавад. Ширкати ҳайати Эрон дар конфаронс оид ба ҳалли бӯҳрони Сурия ҳанӯз тайид нашудааст, зеро Вошингтон ба нақши созандаи Эрон дар қатъи низоъ дар Сурия шубҳа дорад.

Ҳамроҳ бо Муҳаммад Ҷавод Зариф ҳамтои суриягияш Валид Муаллим низ ба Маскав омад.
XS
SM
MD
LG