Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 3 нафар ба гумони қатли донишҷӯи туркман


Азим Хоҷамамедов.
Азим Хоҷамамедов.

Мақомоти Украина се нафарро бо гумони қатли Азим Хоҷамамедов, донишҷӯи 24-солаи туркман дастгир кардаанд.

Тавре расонаҳои хабарии русиву украинӣ хабар медиҳанд, Азим Хоҷамамедов, донишҷӯи курси шашуми Донишгоҳи Харкови Украина ва шаҳрванди Туркманистонро се ҳамватанаш ба қатл расонидаанд.

Аз рӯи тафтиши пешакӣ Мақсад Халлиеви 20-сола, Азат Ҷумабоев ва Ҳамро Эгамбердиеви 21-сола, шаҳрвандони Туркманистон ҳамшаҳри худ Азим Хоҷамамедови 24-соларо, ки гуфта мешавад бо онҳо дар як донишгоҳ таҳсил мекардааст, бо корд ба қатл расониданд.

Ҳодиса соати 10-и шаби 14-уми январ дар хобгоҳи Донишгоҳи миллии иқтисодии Харкови Украина рух додааст. Аз рӯи тафтиши пешакӣ миёни онҳо муноқиша рух додааст, ки дар натиҷа яке аз дастгиршудаҳо раги хунгарди пойи Азим Хоҷамамедовро бо корд мебурад ва бо сабаби зиёд рафтани хун, Азим ба ҳалокат мерасад. Vesti.ua хабар медиҳад, ки Азим Хоҷамамедов дар ҳуҷра танҳо зиндагӣ мекард ва аз муноқиша ҳамсояҳо хабардор шудаанд.

Тибқи иттилои мақомот, Азим Хоҷамамедов бо сабаби рафтани хуни зиёд ба ҳалокат расидааст, зеро шоҳраги рони вайро бо корд буридаанд ва табибон гуфтаанд, дар чунин ҳолат агар хунравӣ пешгирӣ нашавад, дар муддати 15 дақиқа шахс ба ҳалокат мерасад.

Яке аз дӯстонни Азим бо номи Андрей гуфтааст, ки вай забони русиро хеле хуб медонист ва миёни ҳамсабақон яке аз аълохонҳо буд. Ин ҳам дар ҳоле, ки Азим Хоҷамамедов баъд аз як моҳ соҳиби диплом мешуд.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида тафтишот идома дорад. Қаблан матбуот хабар дода буд, ки ҳалокшуда писари яке аз шахсони баландмақоми Тоҷикистон аст, аммо ин хабар радд шуд.
XS
SM
MD
LG