Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Нахустин фармондеҳи пулиси зан дар Афғонистон


Як зан барои нахустин бор дар Афғонистон фармондеҳи пулиси минтақаи якуми Кобул шуд.

Вазири умури дохилии Афғонистон рӯзи сешанбе барои нахустин бор дар таърихи ин кишвар, тайи фармоне як афсари занро ба фармондеҳии пулиси минтақаи яки Кобул таъйин кард.

Хонум Ҷамила Баёз, ки дорои дараҷаи сарҳанг ё полковник аст, фармондеҳи пулиси минтақае аз Кобул шудааст, ки бахши тиҷорӣ ва маҳали истиқрори идораҳои муҳими ҳукуматӣ аст. Хонум Баёз ба радиои Озодӣ гуфт, бо ҷиддият ва бидуни ҳеҷ тарсу ҳарос дар баробари фасод мубориза хоҳад кад.

Ҳамакнун 1500 пулиси зан дар Афғонистон хидмат мекунанд ва сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон эълон кардааст, ки шумораи онҳо ба 10 ҳазор нафар хоҳад расид ва занони пулис ба мақомҳои амниятии болотарие низ таъйин хоҳанд шуд. Вазорати умури дохилии Афғонистон ҳадафи тайъини Ҷамила Баёз ба ин мақомро ҳимоят аз занони пулис хондааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG