Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони Тоҷикистон дар қуръакашӣ маълум мешаванд


Конфедератсияи футболи Осиё ҳайати сабадҳоро барои қуръакашии мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё-2014 дар Вйетнам эълон кард.

Мунтахаби Тоҷикистон ҳамроҳи дастаҳои Узбакистон, Чин ва Тайван ба сабади севум дохил шуд. Ин маънои онро дорад, ки футболбозони тоҷик бо ин дастаҳо дар марҳалаи ниҳоии мусобиқот дар як гурӯҳ бозӣ нахоҳанд кард.

Ҳайатҳои дигар сабадҳо чунин аст:
Сабади 1-ум: Вйетнам (мизбон), Ҷопон, Тайланд, Эрон.
Сабади 2-юм: Австралия, Кувайт, Қирғизистон, Лубнон.
Сабади 4-ум: Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ, Ироқ, Малайзия.

Бояд гуфт, ки ҳайати сабадҳо дар асоси рейтинг ё феҳристи дастаҳои мунтахаб аз рӯи натоиҷи ширкати онҳо дар мусобиқоти охирини қаҳрамонии Осиё, ки соли 2012 дар Имороти Муттаҳидаи Араб барпо гардида буд, тартиб дода шудааст.
Қуръакашии марҳалаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2014 рӯзи 22-юми феврал дар меҳмонхонаи «Гранд Сайгон»-и Ҳошимин доир мешавад. 16 дастаи мунтахаб ба 4 гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шуда, бо ҳам дар як давра рақобат мекунанд. Баъдан аз ҳар гурӯҳ 2 дастаи беҳтарин ба даври чорякниҳоӣ роҳ меёбанд.

Дар сабқати ниҳоии қаҳрамонии футзали Осиё -2014, ки аз 30-юми апрел то 10-уми май дар шаҳри Ҳошимини Вйетнам баргузор мешавад, ба ҷуз дастаи мизбон, тимҳои Ҷопон, Тайланд, Эрон, Узбакистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Чин, Тайван, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Индонезия, Малайзия, Лубнон, Кувайт ва Ироқ ширкат мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли гузашта дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон (сармураббиаш Дамир Камолиддинов) дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2014 дар шаҳри Тошканд се бозӣ анҷом дод. Мунтахаби Тоҷикистон нахуст бар тими Қирғизистон бо ҳисоби бузурги 8-4 пирӯз шуд. Вале футболбозони тоҷик дар бозии дувумашон аз тими мизбон - Узбакистон бо ҳисоби 4-5 мағлуб гаштанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии охиринаш бар тими Туркманистон бо ҳисоби 5-4 пирӯзӣ ба даст овард.

Ба ин тартиб, дар гурӯҳи “А” мунтахаби Узбакистон бо 9 имтиёз ғолиб шуд. Дастаи Тоҷикистон бо 6 имтиёз ҷойи дувумро касб кард. Тимҳои Қирғизистону Туркманистон бо якимтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои севуму чорум қарор гирифтанд. Аз ин гурӯҳ се даста – Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба марҳалаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2014 роҳхат гирифтанд.

Бояд тазаккур дод, мунтахаби Ҷопон, ки дар бозии ниҳоии мусобиқаи гузашта бар тими Тайланд бо ҳисоби 6:1ғалаба кардааст, қаҳрамони феълии футзали ҷаҳон маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG