Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳонг Конг беҳтарин минтақаи "озод"-и иқтисодӣ


Ҳонг Конг, ки ҳоло зери идораи Чин қарор дорад, беҳтарин минтақаи “озод”-и иқтисодӣ дар ҷаҳон шинохта шудааст. Эрон ва Украина минтақаҳои бастаи иқтисодии ҷаҳон шинохта шудаанд. Маркази таҳлилии Heritage Foundation марказаш дар Вашингтон гузориши солонаи худро дар ин бора ба нашр расондааст.

Дар гузориш омадааст, ки дар 20 соли охир Ҳонг Конг мақоми аввалро дар ин замина ишғол мекунад, зеро ҳукуматро намегузорад, ки ба иқтисоди ин минтақа дахолат кунад.

Дар гузориши Heritage Foundation гуфта мешавад, ки Эстония, Литва ва ҷумҳурии Чех, ки дар гузашта зери нуфузи Иттиҳоди Шӯравии пешин буданд, дар ду даҳсолаи охир ба гурӯҳи кишварҳои “асосан озод” дохил шудаанд.

Покистону Чину Русия ва Беларус ба гурӯҳи кишварҳои “асосан ғайриозод” даромадаанд.
XS
SM
MD
LG