Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири хориҷаи Эрон аз Сурия боздид мекунад


Ҷавод Зариф
Ҷавод Зариф
Ҷавод Зариф-вазири корҳои хориҷаи Эрон вориди Димишқ шудааст, то бо Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия мулоқот кунад. Ин боздид дар остонаи мулоқоти Женев баргузор мешавад. Мулоқоти Женев барои 22 январ дар назар гирифта шудааст. Дар ин мулоқот роҳҳои хатми ҷангҳои дусола дар Сурия баррасӣ мешавад.

Русия пешниҳод кардааст, ки Эрон дар ин мулоқот ширкат ҷӯяд. Аммо Амрико мегӯяд, Эрон ба шарте метавонад дар мулоқоти Женев ширкат ҷӯяд, ки агар бо мувофиқатномаҳои қаблии дипломатӣ розӣ бошад. Дар мувофиқатномаҳои қаблии дипломатӣ омадааст, ки бояд Башор Асад ва афроди наздик ба вай ба ҳайати ҳукумати давраи гузор дохил нашаванд.

Амрико ҳамчунин боздиди Ҷавод Зариф аз Бейрут ва гулгузории вай дар сари қабри Имод Муқния-раҳбари пешини Ҳизбуллоҳро маҳкум кард. Амрико Имод Муқнияро дар терроризм гунаҳгор медонад.
XS
SM
MD
LG