Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ӯш ҷонибдори раиси ҷумҳур шаҳрдор интихоб шуд


Тазоҳуроти ҷонибдорони Мирзахматов
Тазоҳуроти ҷонибдорони Мирзахматов
Мелис Мирзоаҳдмадов - сиёсатмадори зиддунақизи қирғиз дар шаҳри Ӯши Қирғизистон дар интихоботи шаҳрдорӣ барои ишғоли мақоми мири шаҳр интихоботро ба Айтмамад Қодирбоев бохтааст. Қодирбоев номзади ҷонибдори раисиҷумҳур аст.

Баъд аз ин бохт ҷонибдорони Мирзоаҳмадовов дар майдони шаҳр ба тазоҳурот баромаданд ва хостанд ба бинои шаҳрдорӣ ворид шаванд. Вале пулис аз ин кор пешгирӣ кард ва ҷонибдорони Мирзоаҳмадов пароканда шуданд. Мирзоаҳмадов ва ҷонибдорони вай мегӯянд, ки дар интихобот ба тақаллуб роҳ додаанд.

Дар остонаи интихоботи порламонӣ ҳукумати марказӣ мехоҳад ба ҷои Мирзоаҳмадов дар ин шаҳр каси дигар шаҳрдор интихоб шавад.

Дар интихоботи шаҳрдори Бишкек низ номзади ҷонибдори раиси ҷумҳур, яъне Кубаничбек Қулматов пирӯз шуд.
XS
SM
MD
LG