Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳодҳои порламон дар бораи баррасии марз


Бино ба хабари матбуоти Қирғизистон, 15 январ дар порламони ин кишвар пешниҳод шуд, ки масъалаи қаламрави марзӣ дар вилояти Бодканд баррасӣ шавад. Қанибек Иманалиев-намоянда аз ҳизби “Ар Намис”пешниҳод кард, ки масъалаҳои фаврӣ баррасӣ шаванд ва дар маҷмуъ баррасии масъалаи марз то охири моҳ дар назар гирифта шавад.

Вале Турсунбай Бақир уулу-намояндаи ҳамин ҳизб ба ин пешниҳод мухолифат кард ва гуфт, хабарҳои фаврӣ на танҳо дар Қирғизистон, балки дар Русия низ дар интернет ба чоп мерасанд. Турсунбай гуфт, “дар Қирғизистон муовини нахуствазир дар масъалаҳои марзӣ вуҷуд дорад ва вай бояд бо масъалаҳои марзӣ машғул шавад. Агар зарур шавад, мо ба вай кӯмак мекунем”.

Жилдизкан Ҷолдошова намояндаи дигар аз ҳизби «Ата-Журт» гуфт, ки ин масъала бояд ба зудӣ баррасӣ шавад ва ҳамаи мақомоти зидахл, аз ҷумла вазири молия, раиси Сохтмони давлатӣ, вазири нақлиёт ва ҳатто дар сурати зарурӣ нахуствазир низ ширкат ҷӯянд.
XS
SM
MD
LG