Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Чавес ҳанӯз дар Беларус маҳбуб аст(2 ВИДЕО)


Ҳуго Чавес бо раиси ҷумҳури Белорус. Акс аз бойгонӣ.

Ҳуго Чавес бо раиси ҷумҳури Белорус. Акс аз бойгонӣ.

Мусиқии ихтисосӣ бахшида ба зиндагии раисиҷумҳури фақиди Венесуэла Ҳуго Чавес, ки муаррифии он дар Минск баргузор мешавад, далелест, ки ӯ ҳанӯз ҳам дар Беларус маъруф аст.

Дӯстдорони мусиқӣ дар Беларус ба зудӣ шоҳиди намоиши мусиқие хоҳанд шуд, ки ба зиндагиномаи раҳбари ахири Венесуеэла Ҳуго Чавес бахшида шудааст. Театри мусиқии Беларус эълон кард, ки дар якҷоягӣ бо оҳангсозони Венесуэла дар пайи таҳияи як намоишномаи мусиқӣ ба забони испанӣ шудааст.

Намоиши мусиқӣ таҳти унвони “Дар ёдбуди Ҳуго Чавес” тобистони соли равон дар Беларус ва баъдан дар Каракас баргузор мешавад. Хабаргузории “Минск- новости” навиштааст, ки оҳанги ин намоишнома аз тарафи Герардо Эстрада, котиби аввали сафорати Венесуэла дар Беларус ва оҳангсози таҷрибадор таҳия мешавад.

Сухангӯи Театри мусиқии Беларус ба радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло ин “мюзикл” ё намоишномаи мусиқиро шарҳ намедиҳанд. Аммо ба назар мерасад, ки хабари баргузории як намоишномаи мусиқӣ, бахшида ба зиндагиномаи Ҳуго Чавес, онҳоеро, ки дар гузашта шоҳиди ҳунарнамоии худи Чавес буданд ва аз дӯстии Чавес бо президенти Беларус Александр Лукашенко бохабар ҳастанд, ҳайрон накард.

Чавес, ки соли гузашта баъди 14 соли ҳукмронӣ дар Венесуэлла, дар синни 58-солагӣ аз бемории саратон даргузашт, ба суруду мусиқӣ ҳавас дошт ва пайваста дар маҳзари ом тарона месуруд ва гитор менавохт. Маҳбубтарин мусиқии Ҳуго Чавес оҳангҳои суннатии Венесуэла буд, ки ӯ онҳоро дар ҷараёни ҳафтавори мусиқӣ дар телевизион ва дар саҳнаи театр иҷро мекард.




Моҳи марти соли 2012, як рӯз баъди ҷарроҳии саратон Чавес дар як намоиш, ки хеле эҳтиёткорона таҳия шуда буд, ҳамроҳ бо навозандаҳо суруд хонд ва бо духтарҳояш рақсид. Ин ҳунарнамоии ӯ, ки дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор шуд, бештар ба хотири лағви нагарониҳо аз вазъи сиҳатияш буд. Чавес ҳамчунин одате дошт, ки ҷараёни суханрониҳои тӯлонии худро якбора қатъ мекард ва овоз мехонд.

Соли 2009 дар вақти суханрониаш дар Созмони Милали Муттҳаид, ки як соат тӯл кашид, ӯ таронаи “ Дидор бо фариштаҳо”-и овозхони инқтилобии Куба Силвио Родригесро иҷро кард ва бо мисраҳои “Каме беҳтар бошем ва ва каме худхоҳ набошем” андарз гуфт. Ӯ боре дар як сухаронии дигараш дар бораи равобити сардаш бо Ҳилларӣ Клинтон, суруд хонд ва гуфт, ки “ Ҳилларӣ Клинтон ҳеҷ маро дӯст надошт, ки надошт ва ман ҳам шефтаи ӯ нестам.”



Шиорҳои зидди амрикоӣ ва сабки мелодрамавии Ҳуго Чавес ба раҳбари коммунистмаоби Беларус Аляксандр Лукашенка бисёр писанд буд, ки ӯ Чавесро бародар хонд ва панҷ дафъа ӯро ба ин кишвари собиқ шӯравӣ даъват кард. Дӯстии ду давлат бо даргузашти Чавес ба поён нарасид ва ҳарду ҳам равобити хубро ҳифз карданд. Беларус дар истихроҷи майдонҳои газу нафт ба Венесуэлла кӯмак мекунад. Ҳафтаи гузашта боғе дар Минск, пойтахти Беларус ба ёди Чавес номгузорӣ шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG